Categories
Хабарҳо

Дар Русия имтиҳони тахассуси муҳоҷиронро аз Тоҷикистон ҷорӣ мекунанд

Поделиться

Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон пеш аз вуруд ба Русия бояд имтиҳони тахассусӣ супоранд

Сарвари Ассотсиатсияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков ба ТАСС гуфт, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон бояд пеш аз омадан ба Русия барои кор дар сохтмонҳо, имтиҳон супоранд. Қарор аст имтиҳонҳо барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон то охири соли 2021 ҷорӣ карда шаванд.

Ҳамин тариқ, санҷиши тахассуси коргароне, ки барои кор дар сохтмонҳои Русия интихоб шудаанд, ба нақша гирифта шудааст. Қаблан байни Федератсияи Русия ва Узбекистон дар бораи санҷиши тахассуси коргарони хориҷӣ дар соҳаи сохтмон тавофуқ ҳосил шуда буд.

Глушков дар Форуми байналмилалии сохтмон ва Намоишгоҳи 100+ Techno Build гуфт: “Ҳамин ки мо ташкили санҷиши тахассусиро дар Узбекистонро анҷом диҳем ва натиҷаҳои онро нишон санҷем, мо бо ҳалли тайёр бо ҳамкасбони Тоҷикистон ва Беларус мулоқот хоҳем кард”. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ то охири соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Сардори НОСТРОЙ инчунин шарҳ дод, ки 80% муҳоҷирони сохтмон дар Русия шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Беларус мебошанд. Илова бар ин, коргарони Қирғизистонро низ нақша доранд дар сохтмонҳо киро кунанд. Қирғизҳое, ки ба кор меоянд, низ бояд имтиҳони тахассусиро супоранд. Пештар хабар дода шуд, ки лоиҳаи озмоишии воридоти муҳоҷирони кории узбек барои кор дар сохтмонҳои Русия, то охири моҳи октябр оғоз шавад.

Дар оянда, онҳое, ки дар сохтмонҳои Русия нақшаи кор доранд, ба иншооту ширкатҳои мушаххас ворид хоҳанд шуд.

Дар асоси маводи: tj.sputniknews.ru