Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Дар шаҳри Хуҷанд бо масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ машварати корӣ доир гардид

Поделиться

Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи “Суғдиён”- и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки самтҳои афзалиятноки соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дигар самтҳои мухталифи фаъолияти соҳаро дар бар мегирифт мавриди тавзеҳ қарор гирифт.

Дар машварати корӣ сохторҳои маҳалии Вазорат – Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, кормандони Филлиали муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолон дар вилояти Суғд”, Марказҳои машваратии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳайати омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қарор дошта, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо масъулини сохторҳои маҳаллӣ мулоқоту вохӯриҳои судмандро баргузор менамоянд.

Нахуст, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ гурӯҳи кории Вазоратро ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, иброз намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои масъулини соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ҳамчун роҳнамои фаъолияти корӣ қарор гирифта, он китоби рӯимизии фаъолияти ҳар яки мо мебошад.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадуллозода Нурулло иброз намуданд, ки дар доираи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 соли соҳибистқилолии кишвар тамоми имкониятҳо ва шароитҳо барои зиндагии шоистаи мардум фароҳам оварда шуда, сокинони мамлакатро мебояд, ки аз имкониятҳо ва шароитҳои фароҳамовардашуда истифода намуда, касбҳои муосир ва шуғлҳои пурмаҳсулро аз худ намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати такмили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ҷорӣ намудани касбҳои муосир, дар амалият доир намудани соатҳои таълимӣ, истифодаи муосиртарин таҷҳизотҳо дар соатҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани касбҳои муосир ва ҷавобгу ба талаботи бозори меҳнат ва омода намудани кадрҳои коргарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори Раёсати Котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев Муҳаммадиқбол дар идомаи машварати корӣ вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам, хатару тазодҳои ҷаҳони муосир, баланд бардоштани малакаҳои касбии коргарӣ ва дигар масъалҳои муҳимиро, ки аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Дар идомаи машварти корӣ масъулини соҳа дар вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои соҳавӣ баён намуданд.