Categories
Хабарҳо

Дар Тоҷикистон ҳама мунтазири ифтитоҳи марзҳо бо Россия.

Поделиться

Дар Москва мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ва роҳбари Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова баргузор гардид. Мавзӯи асосии ин музокирот – танзими ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия шуд.

Ба гуфти Имомуддин Сатторов, дар вохўрӣ тартиби вуруди муҳоҷирон, инчунин суръат бахшидани имзои созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ҷонибҳо дар баррасии онҳо мебошанд, баррасӣ шуд. Ҷонибҳо масъалаи ба таври муташаккилона ҷалб кардани шаҳрвандонро барои кор бо дархости Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия ба миён гузоштанд. Дар равиши мулоқот тарафҳо  имкони таҳияи механизми ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро барои кор дар бахши сохтмонии Федератсияи Русия муҳокима карданд.

Сафир ёдовар шуд, ки тибқи қарори мақомоти Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бо дархости ширкатҳои сохтмонӣ ба кор дар сохтмонҳо ҷалб карда мешаванд. Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи қонунигардонии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ дахл карданд.

Имомуддин Сатторов ёдовар шуд, ки то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доранд, онҳо наметавонанд ба мактаб ва боғчаҳо раванд ва ин як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ аст.

“Агар сухан дар бораи ҳамгироии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ҳастанд, сухан ронем, пас ташриф овардан ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар ин синну сол имконияти беназиреро барои зуд омӯхтани забони русӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа фароҳам меорад”, – иброз дошт Имомуддин Сатторов.

Ба ақидаи ӯ, агар яке аз волидон дар Федератсияи Русия кор кунад, ҳаққи патентро  супорад, пас фарзандонаш бояд тавонанд дар мактаб таҳсил кунанд ва забон омӯзанд.

Сафир ба масъалаи кушодани парвозҳо дахл намуда, ёдовар шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба таври мусбат рушд карда истодааст.

“Тайи ду ҳафта аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави коронавирус сабт нашудаанд, аз ин рӯ хатари ворид кардани вирус ба қаламрави Федератсияи Русия ҳоло кам аст. Ҳама дар Тоҷикистон мунтазири кушодани марзҳо ҳастанд, мардум мехоҳанд ба кор биёянд “, илова кард ӯ.

Дар асоси маводҳои «Sputnik Таджикистан»