Categories
Хабарҳо

Дар Тоҷикистон марказҳои нави муҳоҷират пайдо мешаванд

Поделиться

Ифтитоҳи марказҳои ёрирасон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ барои дастгирии аҳолӣ бо мақсади шуғл барои кам кардани шумораи муҳоҷирати меҳнатӣ дар назар аст.

Дар Тоҷикистон марказҳои нави муҳоҷират пайдо мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар. Барои коҳиши муҳоҷирати корӣ ва кумак ба ҷавонон дар пайдо кардани ҷойи кори муносиб дар чанд навоҳӣ марказҳои хидматрасонӣ таъсис хоҳанд шуд. Чунин идораҳо дар Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ пайдо мешаванд. Онҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии «Такмили маҳорати касбӣ ва имконоти шуғли аҳолӣ» амалӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, то ин замон корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Бохтар босуръат идома доранд. Мувофики лоиҳа объект аз 3 ошёна иборат хохад буд. Дар ин чо қабули шаҳрвандон, кабинетҳои алоҳидаи маслиҳатдиҳӣ, дастаи махсуси тайёрӣ, толори варзиш, китобхонаҳо ва ғайра барои баланд бардоштани маҳорати шаҳрвандон ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин дар марказ сехи таълимӣ бо тачҳизоти такмили ихтисоси якчанд касб кушода мешавад. Аз ҷумла — кафшергари газу барқӣ ва челонгар, инчунин устои пардоздихӣ.

Дар марказҳои хидматрасонӣ низ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ дарсҳои махсус гузаронида мешаванд.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru