Categories
Хабарҳо

Дар Тоҷикистон парвозҳои ду ширкати ҳавопаймоии Россия манъ шуд

Поделиться

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сибирь» ва «Северный ветер»-ро манъ кард. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» директори агентӣ Икром Субҳонзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои мазкур нархи чиптаҳоро бар хилофи созишномаи қаблан бадастомада боло бурдаанд.

«Тавре хабар дода будем, мо онҳоро огоҳ кардем, ки агар нархи чиптаҳои ҳавопайморо паст накунанд, парвозҳоро манъ менамоем. Онҳо протоколро имзо каданд, вале шартҳои онро  ба иҷро нарасониданд.  Қарори мо танҳо ба ҳимояи манфиатҳои мусофирон нигаронида шудааст», — гуфт директори агентӣ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии авиатсияи гражданӣ бо чаҳор ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» — арзиши чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Россияро мувофиқа карда буд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо набояд аз 8500 сомонӣ зиёд бошад. Аммо, бисёре аз мусофирон шикоят мекунанд, ки арзиши он ба 15 ҳазор сомонӣ расидааст ва чиптаҳо дар ширкатҳо дар давоми ду моҳ харида мешаванд.

 «Пеш аз ҳама, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд манфиати мусофирони худро фикр намоянд ва нархи ғайривоқеии чиптаро муқаррар накунанд», — гуфт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, «Сибирь» ва «Северный ветер» метавонанд парвозҳоро аз сар гиранд, агар онҳо адолат нишон дода, арзиши чиптаҳоро бо мувофиқаи ҷонибҳо муқаррар кунанд.

Қаблан чаҳор ширкати ҳавопаймоии Россия — «Уральские авиалинии», «Ютэйр», «Сибирь» ва «Северный ветер» аз Тоҷикистон ба Россия ва баръакс парвозҳои чартерӣ анҷом медоданд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, як ширкати дигари ҳавопаймоии Россия – «Azur Air» низ чанде пеш иҷозаи парвозро гирифтааст.

Дар асоси маводҳои khovar.tj