Categories
Хабарҳо

Дархости афви муҳоҷирони тоҷик

Поделиться

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ба муҳокимаи масъалаҳои муҳоҷират диққати махсус дода шуд.

“Мо ба ҷониби Россия барои имтиёзҳое, ки дар давраи пандемия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фароҳам оварда шудаанд, изҳори миннатдорӣ менамоем”, – афзудааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи ҳанӯз номуайяни ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд, ҷалб кард.

Илова бар ин, Сироҷиддин Мухриддин ба афзоиши шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Россияро надоранд, таъкид намуда, ин ҳолатро таассуфовар хонд.

“Бисёре аз онҳо ба рӯйхати ба истилоҳ мамнӯъ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил карда шуданд. Мо аз ҷониби Россия хоҳиш кардем, ки дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат кунад” , – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷӣ тавзеҳ дод, ки бастаи санадҳои марбут ба муҳоҷират барои омадани Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон омода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки сафари президенти Россия Владимир Путин моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси маводҳои sputniktj.com