Categories
Хабарҳо

Дипломатҳои тоҷик аз Боздошгоҳи муваққатии Маскав дидан намуданд.

Поделиться

Роҳбари Боздоштгоҳӣ бо дипломатҳои тоҷик масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Айни ҳол дар боздоштгоҳ 31 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Консули Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид кард ва аз ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар он муассиса шинос шуд.

Иттилоъ дода шудааст, ки зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

Аз рӯйи маводи “Sputnik-tj.com”