Categories
Хабарҳо

Эҳтимоли арзон шудани нархи чиптаҳои самти Россия

Поделиться

Нархи чиптаҳои парвозҳои миёни Тоҷикистон ва Россия арзон мешаванд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Авиатсияи граждинии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамин тавр, арзоншавии нархи чипта пас аз зиёд шудани шумораи парвозҳои миёни Тоҷикистону Россия имконпазир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки 16 август Россия дар бораи афзоиши шумораи парвозҳо бо Тоҷикистон хабар дод.

Мақомот маълумот дод, ки оғоз аз 27 август, теъдоди парвозҳо миёни Россия ва Тоҷикистон аз ду адад ба ҳафт парвоз дар як ҳафта, расонида мешаванд.

Дар асоси маводҳои tj.sputniknews.ru