ШТРР «Тироз» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Чашмаи Ҳаёт» аз санаи 1 октябри 2020с. лоиҳаи «Портали маърифатӣ иттилоотии Migrant- Mobile» – ро амали карда истодааст. Барномаи мазкур аз тарафи шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ва маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи лоиҳа:
Бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии васеи аҳолӣ ба онҳо, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо:
– фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, ки маълумотро оиди ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи бӯҳрони пандемиявӣ (Covid-19) пешниҳод мекунад.
Санаи 16 декабри 2020с. дар ноҳияи Спитамен дар маҷмааи «Гулрез» семинар – омузиш таҳти унвони «Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам» дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар доираи лоиҳаи “Migrant – Mobile” бо иштироки роҳбари лоиҳа Хуршед Улмасов ва координатори лоиҳа Рафоат Бобоева, намояндагони ШТРР «Тироз» ва ТҶ «Чашмаи Ҳаёт», гурӯҳи кории лоиҳаи “Migrant – Mobile”, намояндагони Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и н. Спитамен, Маркази ҳаёти солим дар вилояти Суғд ва тренерони лоиҳа гузаронида шуд.
Семинар дар вақти муайяншуда оғоз ёфт, ҷойгузории семинар ба ҳама талаботи интихобшуда, мувофиқ буд. Тамоми маводҳои зарурӣ барои гузаронидани семинар аз тарафи масъулони лоиҳа пешниҳод шуд. Сараввал иштирокчиён бо стендҳо, асбобҳои аёнӣ шиносои намуданд. Роҳбарони лоиҳа шарҳи ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаро баён намуданд. Намояндагони лоиҳа варақаҳои рӯйдодҳо ва дигар маводҳои лозимиро паҳн карданд.
Дар оғози семинар-тренинг, тренер Маҳкамбой Каримов ҳамаи иштирокчиёнро шодбош гуфта, шиносоиро бо усули чен кардани ҳарорати кайфияти ҳар як нафар оғоз кард. Ҳамаи иштирокчиён ҳисиёт ва эҳсосоти худро бо ченаки аз 1 то 10 баён намуданд. Аксари иштирокчиён ҳарорати кайфияти худро дар байни ченаки 7-10 ҳис карданд. Дар охири чорабини иштирокчиён ҳарорати кайфияти худро боз як маротиба чен карданд ва дар натиҷаи қабули эҳсосоти мусбӣ аз рафти семинар, аллакай, ҳарорати кайфияти худро бо ченаки 10 ва 10+ баён намуданд.
Тренер Махкамбой Каримов интизориҳои иштирокчиёнро аз семинар пурсон шуд. Ҳамаи иштирокчиён интизориҳои худро дар варақчаҳои ранга навиштанд ва ба варақае, ки ба шакли дарахт омода буд, часпониданд. Ин амал барои муқоисаи интизории онҳо дар аввал ва охири чорабини лозим буд.
Иштирокчиёни семинар ба пур кардани пурсишномаи аввал, ки саволҳои гуногун, барои муайян кардани савияи дониши онҳо дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дорад, оғоз намуданд. Дар охири семинар иштирокчиён боз як варакаи пурсишномаро пур карданд ва ба тренерони лоиҳа супориданд, то ки онҳо таҳлили пурраро омода намоянд.
Махкамбой Каримов сессияи аввали семинарро бо мавзӯи “Барои муҳоҷири меҳнатӣ донистани кадом маълумотҳо муҳим аст?” оғоз намуданд. Бо иштирокчиён саволу ҷавоб бо усули интерактивӣ, минилексия ва презентатсияҳо гузаронида шуд. Тренер пайваста дар бораи қоидаҳои сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби коркарди ҳуҷҷатҳои онҳо ҳангоми сафар, тартиби додани кортҳои муҳоҷират, тартиби бақайдгирии муҳоҷират, дар бораи бақайдгирии патентҳо, маълумот дод. Инчунин видеомавод дар бораи омодагӣ ба сафар намоиш дода шуд, ки дар бораи чунин лаҳзаҳо, муфассал шарҳ дода шудааст.
Тренерони лоиҳа Махкамбой Каримов ва Шоира Олимова дар сессияи дуюм, ки мавзуъи “Кадом ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад?” дошт, сухан ронда, мавзӯъро шарҳ доданд. Дар ин мавзӯъ иштирокчиён ба ду гурӯҳ тақсим шуда саҳначаҳои амалӣ оиди ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ нишон доданд. Иштирокчиён ба ҳаячон омада бо эҳсосоти калон дар саҳначаҳо иштирок намуданд.
Дар сессияи сеюм, ки дар мавзӯи “Кадом санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии маҳаллӣ ва байналхалқӣ, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунад?”, коршиносони семинар-тренинг Бахтиёр Абдуҷабборов ва Диловар Муродов ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатиро тавассути шарҳи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвар ва байналхалқӣ, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунанд, баён намуданд ва ба саволҳои иштирокчиён дар бораи қоидаҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар замони пандемияи ҷаҳонии коронавируси COVID-19 қабул шудаанд, ҷавобҳои пурра пешкаш намуданд.
Дар мавзӯъи сесияи чорум “Талаботҳои умумии бехатарӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ (пандемия)”, коршинос аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Зуфнуна Хоҷаева оид ба талаботҳои умумии бехатарӣ, ки он асоси сарчашмаи нерӯи кории муҳоҷирон ба ҳисоб меравад, андешаҳои худро иброз дошт.
Аз ҷониби Махкамбой Каримов ва Бахтиёр Абдуҷабборов ба мавзӯи панҷуми семинар: “Роҳҳои пешгирии хариду фурӯши одамон ва дигар падидаҳои номатлуб дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки он яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб мешавад, шарҳи муфассал дода шуд.
Сессияи шашум аз тарафи тренер Шоира Олимова дар мавзуъи “Таъмини муҳоҷирати бехатар дар дохил ва хориҷи кишвар”, гузаронида шуд. Ба саволҳои гуногуни иштирокчиён посух дода шуд. Дар семинар зикр карда шуд, ки барои муҳоҷирон бояд муҳоҷирати бехатар таъмин карда шавад.
Дар охири семинар намояндаи лоиҳа Султон Усмонов “Портали маърифатӣ-иттилоотии Migrant – Mobile”-ро муаррифӣ кард ва роҳҳои зеркашӣ ва насб кардани замимаи мазкур ва малакаҳои паҳн кардани маълумотро ба иштирокчиён фаҳмонид. Меҳмонон презентатсияи “Портали маърифатӣ-иттилоотии Migrant – Mobile”-ро бо ҳавас гӯш карданд ва ба саволҳои худ маълумотҳои пурра ва дақиқ гирифтанд.
Дар семинар 49 нафар (34 мард ва 15 зан) муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои муҳоҷирон, инчунин меҳмонон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Дар фарҷоми чорабини аз онҳо дар бораи семинари гузаронида шуда пурсон шудем. Бо як овоз ҳама ба чорабини баҳои баланд дода, пешниҳод намуданд, ки ин гуна семинарҳои пурмазмун бисёртар гузаронида шавад, то ки муҳочирони меҳнатӣ ба саволҳои мубрами рӯз саривақта посух гиранд. Аз тарафи гурӯҳи кории лоиҳаи «Портали маърифатӣ-иттилоотии Migrant – Mobile» ба пурраги истифодаи ин портал пешниҳод шуд, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот ва хабарҳои тозанашр гирифта тавонанд.
Тибқи арзёбиҳое, ки бо усули пурсишнома гузаронида шуд, иштирокчиён маълумотҳои кофӣ оиди танзими муҳоҷират гирифтанд ва онҳо метавонанд маълумотро оид ба муҳоҷирати қонунӣ дар байни бозгаштаҳо ва муҳоҷирони эҳтимолӣ паҳн кунанд. Масалан, дар саволномаҳо иштирокчиён қайд карданд, ки онҳо дар бораи тартиби омода кардани муҳоҷирон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, ба тартиби гирифтани кортҳои муҳоҷират, тартиби бақайдгирии муҳоҷират, дар бораи бақайдгирии патентҳо ва шартномаҳои меҳнатӣ маълумоти нав гирифтанд. Дар пурсишҳо ва фикру мулоҳизаҳои онҳо, мавзӯъҳои ки ба муҳоҷирати қонунӣ, пешгирии истисмори меҳнат ва пешгирии хариду фурӯши байни занони муҳоҷир бахшида шуда, баҳои баланд доданд.
Мавзӯъҳои фарогирифта дар заминаи қонунгузорӣ ба иштирокчиён махсусан писанд омаданд, алалхусус баррасии меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба қоидаҳои вуруд ва баромад таъсир мерасонанд, пешгирӣ аз омилҳое, ки боиси манъи вуруд мешаванд. Иштирокчиён ба кори тренерон оид ба парвандаҳои амалӣ ва оид ба муҳоҷирати қонунӣ, механизмҳои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи муҳоҷирон баҳои баланд доданд.
Пурсишҳои аввал ва баҳодиҳӣ пас аз тренинг нишон доданд, ки зиёда аз 90% мавод барои онҳо нав буд, онҳо тавонистанд маълумоти кофӣ гиранд, ва ин маълумотҳо дар фаъолияташон ба онҳо кӯмак мерасонанд.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои семинар оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, ботартиб ва танзимшаванда бо истифода аз чаҳорчӯбаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иҷро карда шуд.
ПМИ “Мигрант-Мобайл”