Categories
Хабарҳо

Эм шавии 700 муҳоҷири меҳнатӣ дар Москва

Поделиться

Дар маркази савдои “Садовод” дар як рӯз тақрибан 700 муҳоҷир аз коронавирус эм мешаванд

Ин маълумот дар бораи он муҳоҷирони меҳнатие мебошад, ки барои эмгузаронӣ ба маркази савдои “Садовод» – и Москва меоянд.

Бояд қайд кард, ки маъракаи эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳафтаи гузашта оғоз ёфта буд. Яке аз ду нуқтае, ки муҳоҷирон дар он метавонанд эм шаванд ин бозори “Садовод” аст.

Нуқтаи дуюми эмгузаронӣ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии Сахарово низ кушода шудаааст. Ҳар як шахс имкон дорад бо ваксинаи ” Спутник Лайт ” эм шавад.

Арзиши ваксина 1300 рублро ташкил медиҳад, ин ҳам дар ҳолест, ки пули ваксинаро бояд корфармо пардохт намояд.

Баъд аз эмшавӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ шаҳодатнома медиҳанд.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com