Categories
Хабарҳо

Эмгузаронии пулакӣ барои муҳоҷирон

Поделиться

Бо супориши Владимир Путин, ҳукумати ин кишвар дар моҳи ҷорӣ бояд системаи эмгузаронии пулакӣ барои муҳоҷиронро таҳия кунад

Президенти Россия Владимир Путин ба Ҳукумати Россия супориш додааст, ки системаи пулакии эмгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия шавад. Бо дархости Президенти Россия, Ҳукумат бояд ин масъаларо то охири моҳи ҷорӣ ҳал кунад.

“Лутфан, масъалаи бо ваксин таъмин намудани нафароне, ки дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ озими Россия мешаванд, ҳал кунед”, – талаб намудааст Владимир Путин.

Ӯ илова намуд, ки Россия метавонад ба хориҷиён чунин имкон фароҳам орад, ки онҳо вориди кишвар шуда, алайҳи вируси COVID – 19 эм гиранд.

“Саноати дорусозии ватанӣ омодааст минбаъд ҳам истеҳсоли ваксинро афзоиш диҳад. Мо на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра қонеъ мекунем, балки метавонем хориҷиёнро низ ба Россия оварда бо ваксин таъмин кунем”, – илова намудааст Владимир Путин.

Дар Россия маъракаи эмгузаронӣ тавассути се ваксини истеҳсоли ватанӣ ҷараён дорад. Яке аз ин ваксинҳо “Спутник V” мебошад, ки Владимир Путин онро муассиру бехавф арзёбӣ мекунад.

Дар асоси маводҳои Sputnik