Categories
Хабарҳо

Имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон

Поделиться

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатро дар дохили Тоҷикистон ишора намуданд.

    Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаашон ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе шуда гузашт қайд намуданд, ки соли 2020 бо сабаби пандемияи “вируси корона” 80% – и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд берун аз Ҷумҳурӣ сафар кунанд.

    “Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем”, – гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Тибқи иттилое, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон карданд, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Афзуда шуд, ки 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

    “Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, – қайд намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2% зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

Манбаъ: Sputnik