Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ФАРҲАНГ, АНЪАНА ВА МЕЪЁРҲОИ РАФТОР ДАР ФР

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

       Фарҳанги рафтори рус

Сокинони кишварҳо ва минтақаҳои гуногун, деҳаҳо ва шаҳрҳо аз рӯи рафтор, либос, одат, анъанаҳои фарҳангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин фарқиятҳо аз сабаби надонистани хусусиятҳои фарҳанги ҳамдигар боиси нофаҳмиҳои намояндагони халқҳои гуногун шуда метавонанд. Аксарияти аҳолии Россия дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва ба фарҳанги рафтору муоширати шаҳрӣ пайравӣ мекунанд.

Баъзе русҳо метавонанд бетаваҷҷӯҳӣ ва беадолатона рафтор кунанд, аммо фаҳмидани он муҳим аст, ки ин гуна рафторро аксарияти мардум таъна мекунанд ва он наметавонад ҳамчун намунаи ибрат хизмат кунад.

Дар Россия меъёрҳои маъмули рафтори аҳолии маҳаллӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муошират бо одамони гирду атроф вуҷуд доранд:

  • дар нақлиёт хӯрок хӯрдан, ё бо овози баланд сухан рондан, пиво нӯшидан, партов партофтан бемасъулиятӣ ва рафтори номатлуб ҳисобида мешавад. Дар нақлиёт ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, додани ҷой барои пиронсолон одат аст;
  • фарҳанги шаҳр эҳтиром ба фазои шахсии ҳар як одамро пазироӣ мекунад. Вайрон кардани фазои шахсӣ, масалан, кӯшиши шиносоӣ бо ҳамдигар, хеле наздик шудан, вогузор кардани сӯҳбат бидуни розигии шахси дигар, бидуни даъват ба хона ворид шудан ғайри қобили қабул аст ва дар байни дигарон норозӣ эҷод мекунад. Рафтори хушмуомила ва безорнакунанда қоидаи ахлоқ аст.

      Россия кишвари дунявист: намоиши рафтори динӣ, ё ақидаҳои динӣ дар бораи ахлоқ, либос, рафтори дуруст берун аз ибодатхонаҳо, масҷидҳо ва ҷомеаҳои динӣ ва на дар рӯзи идҳои динӣ аҷиб менамояд ва ба бисёриҳо маъқул нест.

     Россия кишварест, ки баробарии занону мардонро эътироф мекунад. Он бо қонун ҳифз карда мешавад. Занони рус бомуваффақият ҳаёти оилавиро пеш мебаранд, мансаб бунёд мекунанд, намуди зоҳирии худро нигоҳубин мекунанд. Занон либоси зебо пӯшиданро дӯст медоранд, таъкиди зебогии худ, ин нишони мустақилият ва худбоварист, на омодагӣ ба мулоқот. Шиносоӣ дар кӯча қобили қабул нест. Муносибат дар оила ва дар байни ҷинсҳо баробарҳуқуқ мебошад.

     Кӯдакон дар Россия, ҳам писарон ва ҳам духтарон, бояд дар мактаб таҳсил кунанд ва баъд, агар хоҳиш бошад, дар коллеҷ, ё донишгоҳ таҳсил кунанд. Истифодаи меҳнати кӯдакон, иҷрои корҳои вазнин дар хона ва кӯмак ба волидон дар ҷои кор ҷоиз нест.

     Аксарияти русҳо бо меҳрубонӣ, омодагӣ барои кӯмак дар ҳолатҳои душвор ва посух додан ба саволҳо фарқ мекунанд. Барои зуд ба Россия одат кардан, тавсия дода мешавад, ки бо аҳолии маҳаллӣ бештар муошират кунед, дӯстон пайдо кунед, дар идҳо иштирок кунед, ба кинотеатрҳо, музейҳо, театрҳо ва китобхонаҳо равед ва забони русиро омӯзед.

     Сокинони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ умумияти зиёд доранд. Пеш аз ҳама, мо таърихи умумӣ дорем: русҳо ба хотираи фидокории халқҳои ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҳтироми бузург доранд. Муносибати бодиққат ба хотираи таърихӣ, дар бисёр ҷиҳатҳо барои кишварҳои мо метавонад асоси мустаҳкам будани муносибатҳои дӯстона гардад.

     Идҳои давлатӣ ва анъанавӣ

     Дар Россия бисёр идҳо ҷашн гирифта мешаванд – давлатӣ, динӣ ва халқӣ. Бисёре аз ин идҳо – рӯзҳои ғайрикорӣ.

Соли Нав – шаби 31 Декабр то 1 Январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Чун анъана дар хона арча гузошта онро оро медиҳанд, дар зери он тӯҳфаҳо гузошта мешаванд ва хӯроки идона омода карда мешавад. Ин иди оилавӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзи Соли Нав, одатан ба меҳмонӣ мераванд, ё меҳмон қабул мекунанд, кӯдакон дар ин рӯзҳо дар маросимҳои солинавӣ ва консертҳо иштирок мекунанд – Бобои Барфӣ ва Барфак онҳоро бо Соли Нав табрик мекунанд. Пеш аз он ки соат ба 12-и шаб мезанад, Президенти кишвар ба мардуми Россия бо табрикоти солинавӣ муроҷиат мекунад. Шабона бисёр мушакпарронӣ (салют) мекунанд. 

Мавлуди Православӣ – 7 Январ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, масеҳиёни православӣ зодрӯзи Исои Масеҳро ҷашн мегиранд. Дар калисоҳо хидмати идонаи мавлудӣ мегузарад.

Масленитса – иди халқии хайрухуш бо зимистон ва боздид бо баҳор. Дар ҳафтаи охир пеш аз рӯзаи Бузурги православӣ ҷашн гирифта мешавад. Ярмаркаҳо, ҷашнвораҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд, чалпак мепазанд – рамзи офтоб – ва ҳамдигарро бо он зиёфат мекунанд. Дар рӯзи охирини ҳафтаи Масленитса («Якшанбеи бахшиш»), бисёриҳо барои ҳар гуна хатогиҳои дар соли гузашта содиркарда аз ҳамдигар бахшиш мепурсанд. Онҳо дар ин рӯзҳо тибқи реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд.

Рӯзи муҳофизони Ватан – 23 Феврал таҷлил мешавад. Дар гузашта ин рӯзи Артиши Шӯравӣ аст. Дар ин рӯз занон мардонро, сарбозон ва ғайрисарбозонро табрик мекунанд ва ба онҳо тӯҳфаҳо медиҳанд.

Рӯзи байналмиллалии занон – 8 Март ҷашн гирифта мешавад. Мардон занонро табрик намуда ба онҳо гул ва тӯҳфаҳо медиҳанд. Рӯзи ғайрикорӣ.

Писҳо (Пасха) – Иди эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон ғалабаи ӯ бар марг. Санаи ид аз рӯи тақвими офтобӣ ва моҳӣ муқаррар карда мешавад ва аз ин рӯ дар солҳои гуногун метавонад ба рӯзи гуногун рост ояд. Дар калисоҳо ибодатҳо мекунанд, юриши аҳли калисо бо салиб ва иконаҳо сурат мегирад, масеҳиён якдигарро бо суханони «Масеҳ эҳё шуд!» пазироӣ менамоянд ва дар ҷавоб мегӯянд «Дар ҳақиқат эҳё шуд!». Ранг кардани тухм, пухтани кулчаҳои гирдаи ширини фаххук маъмул аст.

Иди Баҳор ва меҳнат – Рӯзи 1 Май, дар гузашта Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон. Рӯзи истироҳат.

Рӯзи Ғалаба – 9 Май ҷашн гирифта мешавад. Иди ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945. Чорабиниҳои ёдбуд баргузор мешаванд, ки дар онҳо қурбониҳо ёд карда мешаванд. Дар Маскав, дар Майдони Сурх, Паради Ғалаба баргузор мешавад, ки онро бисёр одамон тавассути телевизор тамошо мекунанд. Дар қабрҳои аскарон ва ёдгориҳои ҳарбӣ гул гузоштан одат аст.

Рӯзи Россия – 12 Июн ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, соли 1990, Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Федератсияи Россия қабул карда шуд. Чорабиниҳои идона ва консертҳо ташкил карда мешаванд.

Рӯзи Дониш – 1 Сентябр дар оғози соли таҳсил ҷашн гирифта мешавад. Хонандагон ва донишҷӯён ба дарс оғоз мекунанд, одатан муаллимон ва донишҷӯёнро табрик мекунанд ва ба онҳо гулҳо тақдим мекунанд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ – 4 Ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни бахшида ба бадарғакунии ишғолгарони полякӣ, аз Кремли Маскав соли 1612, аз ҷониби лашкарони халқии Минин ва Пожарский. Консертҳо ва дигар чорабиниҳои идона ташкил карда мешаванд.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТӢ:

«Культура.РФ» – Лоиҳаи таълимии гуманитарии Вазорати фарҳанги Россия. Портал дар бораи рӯйдодҳо ва одамони ҷолиб ва муҳим дар таърихи адабиёт, меъморӣ, мусиқӣ, кино, театр, инчунин дар бораи анъанаҳои халқӣ ва ёдгориҳои табиати мо дар шакли мақолаҳои маърифатӣ, қайдҳо, мусоҳибаҳо, тестҳо, хабарҳо ва радио маълумот медиҳад      https://www.culture.ru//
Портали федералии «История.РФ» маълумот дар бораи далелҳо ва рӯйдодҳои гузашта дар ин ҷо  бо забони дастрас пешниҳод карда шудааст. Формати маърифатӣ ва таълимӣ бо лексияҳои аудиоӣ ва видеоӣ дар бораи таърих аз олимону устодони машҳур, аввалин энсиклопедияи интернетии Россия аз таърихшиносони касбӣ, аксҳо ва таҳлили «ҳуҷҷатҳои асосӣ»-и таърихи Россия ва бисёр дигар лоиҳаҳо        https://histrf.ru/
Портали миллии сайёҳии Russia.travel — лоиҳаи иттилоотӣ ва маърифатии Оҷонсии федералии сайёҳӣ, ки барои саёҳат дар Россия бахшида шудааст. Сомона хонандаро бо зиёда аз 20 ҳазор ҷойҳои тамошобоб шинос мекунад, ки объектҳои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, ёдгориҳои табиӣ ва минтақаҳои муҳофизатшаванда, ҳунарҳои мардумӣ ва брендҳои маъруфи Россияро дар бар мегиранд      https://russia.travel/
Дар як қатор минтақаҳои ФР манбаъҳои расмии иттилоотӣ барои кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо маълумоти муфид дар бораи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои минтақаҳо таъсис дода шудаанд:
Сомонаи Ҳукумати Санкт-Петербург «Хуш омадед ба Санкт-Петербург!»: портал дар бораи Санкт-Петербург, маълумоти мухтасари таърихӣ, асосҳои қонунгузории муҳоҷират, маълумот дар бораи чорабиниҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ, қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳои Санкт-Петербург, тартиби амал дар ҳолатҳои фавқулодда ва бисёр дигар маълумоти асосии муфид дорад: тамосҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, видеоҳои кӯмакӣ барои муҳоҷирон, маводҳои озмуни солонаи эҷодӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ «Многогранный Петербург» ва бисёр чизхои дигар        http://migrantinfo.  kmormp.gov.spb.ru/
Сомонаи Ҳукумати вилояти Ленинград «Хуш омадед ба вилояти Ленинград!»: дорои маълумот дар бораи қонунгузории муҳоҷират ва меҳнати ФР, тамосҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ дар ноҳияҳои вилояти Ленинград, сомона ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума карда шудааст ва дар шакли барномаи мобилии Migrantlenobl барои Android оина дорад      https://migrantlenobl. ru/

Барои шинос шудан бо ҳаёти фарҳангӣ ва фароғатии минтақаҳои ФР, инчунин тавсия медиҳем, ки аз порталҳои минтақавии https://www.afisha.ru/ ва https:// kudago.com/ истифода баред.