Categories
Хабарҳо

Хатсайри нави ҳавоӣ аз Россия ба Тоҷикистон

Поделиться

Ба ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” иҷозат дода шудааст, ки ҳафтае се маротиба аз Перм ба Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ анҷом диҳад.

     Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоӣ ба парвозҳо аз шаҳри Перм ба Тоҷикистон иҷозат додааст. “Уралские авиалинии” дархостро барои парвозҳо ба ду шаҳри Тоҷикистон тавассути хатсайрҳои Перм-Кӯлоб ва Перм-Қӯрғонтеппа ҳафтае се маротиба тасвиб кард.
     Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин парвозҳо ҳанӯз дар ҷадвал нестанд, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ танҳо ба хатсайрҳо роҳ дода шудааст. Иҷозатнома ҳуқуқи парвози ҳавопаймоҳоро медиҳад, аммо ширкатро барои иҷрои ин вазифа вазифадор намекунад. Ғайр аз он, хабар дода мешавад, ки Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоӣ парвозҳоро аз Перм ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Урдун иҷозат додааст.
     Чи тавре, ки пештар хабар дода будем, Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои Москва низ интизор дорад, ки аллакай моҳҳои апрел-май якчанд хатсайрҳои байналмилалӣ барқарор кунад. Тоҷикистон дар рӯйхати интизорӣ дар қатори кишварҳои нахустин қарор дорад. Дар ин хусус роҳбари шӯрои директорон, шариксоҳиби фурудгоҳ Виталий Вантсев хабар додааст.
     «Мо интизор дорем, ки ба ҳар ҳол хатсайрҳо ба шарикони мо — кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳҳои апрел-май ифтитоҳ хоҳанд шуд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо хеле беҳтар аст. Тавре ки шумо медонед, дар кишвари мо низ он ба эътидол меояд, аз ин рӯ умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳанд шуд. Инҳо бозорҳои хеле калон ва ғунҷоишдор мебошанд», — зикр кард Виталий Вантсев.
     Қаблан парвозҳо ба Тоҷикистон аз Ростови лаби Дон кушода шуда буд. Парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа анҷом дода мешаванд ва санаи пешакии барқарор кардани парвозҳо 29 март гуфта мешавад.

Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар» ва  Sputnik