Categories
Хабарҳо

Хостори ҷорикунии раводид дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Поделиться

Чунин тадбир аз эҷодианклавҳо дар замини суннатии русҳопешгирӣ мекунад, мегӯяд Миронов

 Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси Ҳизби “Русияи одилона – барои ҳақиқат” Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия зарураст.

Мо чунин мешуморем, ки ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст”, – гуфт Миронов.

Вай қайд кард, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад.

Вакил таъкид кард, ки дар чунин ҷойҳо аҳолии маҳаллӣ кам шуда, муҳоҷирон аз рӯи нақшаҳои фасодкорӣ сабти ном мешаванд ва иҷозаи иқомат мегиранд.

Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия тағйирот ворид кунанд.

“Барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар шахс каме тарсида бошад, латукӯб нашуда бошаду умуман ягон осеб надида бошад ҳам, панҷ соли зиндон таъйин мешавад”, – таъкид кард Миронов.

Ӯ таъкид кард, ки ба таҷрибаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ҳизб қабул кардани “тадбирҳои таъҷилии қатъӣ”-ро талаб мекунад.

Қаблан парлумон ба вориди соддаи муҳоҷирони корӣ ба кишвар мухолифат карда буд.

Ба гуфти Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва ҳамгироии Авруосиё, бояд мушаххас шавад, ки барои иҷрои ин тадбирҳо чӣ иқдоме сурат мегирад, “онҳо аз ҷониби кӣ муайян карда мешаванд ва барои чӣ имкони даъвати муҳоҷирон бидуни квотаҳо имконпазир аст”.

Манбаъ: sputnik-tj.com