Тибқи паёми дар вебсайти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҷойшуда, аз 1 январи соли 2022 шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд, ихроҷ мешаванд.
Раёсат афзуд, ки корфармоён барои ба кор қабул кардани ҳар як муҳоҷири ғайриқонунӣ, то 800 ҳазор рубл ҷарима мешаванд..
“Барои шуғли ғайриқонунӣ, ба ғайр аз ҷарима (то панҷ ҳазор рубл) нисбат ба хориҷиён чораҳои ихроҷ аз Русия ва манъи вуруди бозгашт метавонанд андешида шаванд”, – омадааст дар хабар. Вазорат ёдовар шуд, ки рӯзи 31 декабр мӯҳлати эътибори чораҳои муваққатӣ, ки барои хориҷиён имкони вазъи ҳуқуқии худро бидуни тарки Русия ҳал кунанд, ба охир мерасад.
“Дар баробари ин, дар системаҳои иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот дар бораи шумори қобили мулоҳизаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо вайрон кардани режими муқарраршудаи будубош дар Федератсияи Русия қарор доранд, мавҷуд аст”, – омадааст дар иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия.. Вазорат тавсия додааст, ки шаҳрвандони хориҷии бидуни ҳуҷҷат барои кор дар Русия қарор доранд, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ ва корфармоён ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо коргарони хориҷӣ ва гирифтани иҷозатномаи кор ба онҳо муроҷиат кунанд.
30 сентябри соли 2021 мораторияи ихроҷи муҳоҷирон ба охир расид. Вазорати корҳои дохилӣ аз 16 июн то 31 декабр мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии шаҳрвандони хориҷиро дар Русия мутаваққиф кард. То охири сол шартҳои хуруҷи ихтиёрӣ аз қаламрави кишвар хориҷиёне, ки нисбати онҳо қарори ихроҷи маъмурӣ содир шудааст, “яхдуд” шудааст. Бар асари пандемия, президенти Русия Владимир Путин муддати будубоши муҳоҷиронро борҳо тамдид кардааст. Дар моҳи августи соли ҷорӣ ин ниҳод гузориш дода буд, ки беш аз 700 ҳазор шаҳрванди кишварҳои ИДМ дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд.
Migrant-Mobile