Categories
Хабарҳо

Созишнома бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ)

Поделиться

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат, 7 майи соли равон миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.

Созишномаро Ширин Амонзода – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабине Олтхоф – директори Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марита Шлайер – менеҷери лоиҳа дар ҳузури Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрес Протман имзо намуданд.

Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба шароити шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаи онҳо равона мегардад.

Манбаъ: migration.tj