Internews журналистони Тоҷикистонро ба тренинги серӯзаи интенсивӣ, ки ба мавзӯъи рӯзноманигории тавзеҳӣ (объяснительная журналистика) бахшида шудааст, даъват мекунад. Баргузории давраи омӯзишии мазкур бо иштироки праймтренер аз нашрияи байналмилалии “Медуза” аллакай дар охири моҳи июл пешбинӣ шудааст.
Барои ширкат дар тренинг рӯзноманигороне даъват мешаванд, ки таҷрибаи кориашон дар соҳа на камтар аз 2 сол бошад.
Дар рафти давраи омӯзишӣ, ки бештар бо такя ба таҷрибаандӯзӣ мегузарад, ҳар як ширкаткунанда аз ҷумла мавзӯъҳои зерро аз худ мекунад:
- чиро метавон “тавзеҳ дод” ва аз куҷо бояд иттилои заруриро барои омодасозии матлаби хуби тавзеҳӣ дарёфт;
- чӣ тавр бояд бо коршиносон кор кард ва оё дар рӯзноманигории тавзеҳӣ ҷой барои ақидаи шахсӣ ҳаст ё не;
- хусусиятҳои асосии матни хуби тавзеҳӣ кадомҳоянд ва кортҳои тавзеҳии “Медуза” аз Q&A- и дигар чӣ фарқ доранд;
- чиро метавон дар давраи пандемия аз журналистон интизор буд ва рӯзноманигории тавзеҳӣ бо кадом мушкилот дар ин айём рӯ ба рӯ мешавад.
Давраи омӯзишӣ дар шакли онлайн ҳар рӯз аз соати 9:00 то 17:00 (аз 29 то 31 июл) мегузарад. Бояд гуфт, гурӯҳи журналистони тоҷикзабон ба омӯзиш дар Қайроқум машғул мешаванд ва гурӯҳи журналистони русзабон – дар Душанбе. Хароҷоти роҳ ва манзил барои ширкаткунандагон аз минтақаҳои дур аз ҷониби ташкилкунанда пардохт мешавад.
Тренинг дар ҳамдастӣ бо ТРРК “Тироз” ва Your.tj баргузор мегардад.
Пас аз давраи омӯзишии серӯза ҳар як иштирокдор имкон пайдо мекунад, ки дар давоми 14 рӯз бо кӯмаки менторон ба таҳияи матлабҳои тавзеҳии худ машғул шавад. Тренинги мазкур ройгон буда, интихоби ширкаткунандагон дар асоси дархостҳои онлайнӣ ба роҳ монда мешавад.
Дархостҳо то 20:00 санаи 25 июли 2021 қабул карда мешаванд.