Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

ИНТИҚОЛИ ПУЛ АЗ ФР БА ҶТ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Аксар вақт, пас аз гирифтани музд, савол ба миён меояд: чӣ гуна ба ватан пул фиристанд? Роҳҳои гуногуни фиристодани маблағ ба хориҷа мавҷуданд.

Роҳҳои маъмули интиқоли пул ин интиқоли бонкӣ, бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ бо истифодаи низоми интиқоли пул ва интиқол аз корт ба  корт  мебошанд. Вале на ба ҳамаи гирандагон роҳи дуюм дастрас аст.  Бисере  аз муҳоҷирон дар бонк суратҳисоб надоранд. Ва ҳатто агар ирсолкунанда дар Россия суратҳисоб дошта бошад ҳам, ин далели он нест, ки хешовандони ӯ низ дар ватан суратҳисоби бонкӣ ва корти бонкӣ доранд. Ин барои бисёр истифода- бароне, ки ба Россия меоянд, интиқолҳои аз корт ба корт ва инчунин интиқоли онлайниро, имконнопазир мекунад. Низомҳои интиқоли маблағ ҳамчун миёна- рав байни интиқолдиҳанда ва қабулкунанда фаъолият мекунад ва на танҳо дар шӯъбаҳои Почтаи Россия, балки дар шӯъбаҳои бонкҳои шарикӣ, мағозаҳои те- лефонҳои мобилӣ, марказҳои савдо ва ғайра нуқтаҳои хизматрасонӣ доранд. Бо пардохти маблағи муайян шахси воқеӣ метавонад ба шахси дигар пул фиристад. Барои ин суратҳисоби бонкӣ кушодан лозим нест – дар нуқтаи хизматрасонӣ аз ирсолкунанда шиноснома, ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро талаб ме- кунанд. Маблағ пас аз чанд дақиқа ба қабулкунанда мерасад ва барои гирифтани он танҳо шиноснома ва рамзи интиқоли пул лозим аст. Интиқоли маблағ мета- вонад суроғавӣ бошад – яъне онро дар нуқта, ё шаҳри муайян, гирифтан лозим аст, ё ғайрисуроғавӣ, вақте ки маблағро дар ҳама нуқтаи дилхоҳи хизматрасонии низом гирифтан мумкин аст.

Баъзе бонкҳо дар Тоҷикистон пулро бо асъори миллӣ (сомонӣ) пешниҳод ме- кунанд ва ҳангоми интиқол, ин маълумотро аз корманди нуқтаи хизматрасонӣ гирифтан мумкин аст. Инчунин бояд маблағи ҳадди аксарро, ки як шахс дар давоми як моҳ интиқол карда метавонад, бояд фаҳмид.

Албатта, низомҳои интиқоли маблағ зиёданд. Аммо ба якчанд меъёрҳои асо- сӣ диққат додан муҳим аст: эътимоднокии ширкат, андозаи пардохти ҳаққи ин- тиқол, инчунин мӯҳлати муомилот. Аксар вақт барои муштариёни доимӣ дар ширкатҳо тахфифҳо ва аксияҳо мавҷуданд ва ин метавонад сабаби интихоби ин ё он низоми пардохтӣ бошад.

Интиқоли пул аз хориҷа ба манфиати шахсони воқеӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гирифтани он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории пахнкунии си- лоҳи катли ом» бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

а) ба ном ва ба манфиати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа асъорро аз ҳар гуна манбаъ бидуни маҳдудкунии миқдор, хусусият ва таъинот, аз номи худ (намояндаи худ), ё аз номи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тавассути бонкҳои ва- колатдор, низомҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии интиқоли пул, ки дар давлати хориҷӣ амал мекунад, интиқол кардан мумкин аст;

б) асъори аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ба қабулкунан- да (намояндаи он) бо назардошти талаботи Дастурамали Бонки миллии ҶТ ва талаботҳои низоми интиқоли пул, ки тавассути он ин асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст, бо интихоби ӯ ва дар шакли нақдӣ, ё ғайринақдӣ дода мешавад;

в) ба қабулкунанда додани асъоре, ки аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, бо пули нақд ба маблағи эквиваленти 1750 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо (*) бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба расмияти даровар- да шуда, аз ҷониби хазиначӣ имзо мешавад ва ба маблағи зиёда аз 1750 нишон- диҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо бошад, бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда, бо имзои хазиначӣ ва мӯҳри муассисаи бонки ваколатдор ба расмият дароварда мешавад; г) асъори аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшуда, бо хоҳиши қабулкунанда (намояндаи он) метавонад ба шакли ғайринақдӣ ба суратҳисоби бонкии ӯ, ё ба суратҳисоби бонкии шахси воқеии дигар бо асъори интиқол, ё бо дигар асъор, ё асъори миллӣ интиқол дода шавад.

Асъори интиқол пас аз иваз ё бадал ба суратҳисоби бонкии қабулкунанда бо асъори миллӣ, ё дигар асъор ворид карда мешавад, ё бо пули нақд дода мешавад. Интиқоли асъор ба хориҷа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ-резидентҳо (намояндагони онҳо) бе кушодани суратҳисобҳо аз дароз кардани асъори нақди миллӣ ва хориҷӣ ба кассаи амалиётии бонкҳои ваколатдор оғоз ёфта, бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

а) резидентҳо (намояндагони онҳо) метавонанд асъореро, ки қаблан ба ҶТ гу- заронида шуда буд, ворид карда шуда буд, ё фиристода шуда буд, ба андозаи дар декларатсияи гумрукӣ, ё дар дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи интиқол зикршударо, бидуни зикри мақсади мушаххас интиқол диҳанд;

б) резидентҳо (намояндагони  онҳо)  метавонанд  барои  қонеъ  гардонидани талаботи ҷории худ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи маҳдудро дар асъор интиқол кунанд. Интиқоли асъор бо ин таъинот ба маблағи эквиваленти 1750 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо метавонад дар як рӯзи амалиётӣ тавассути воҳидҳои сохтории бонки ваколатдор, ки амалиёти интиқолиро анҷом медиҳад, амалӣ карда шавад;

в) резидентҳо (намояндагони онҳо) метавонанд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа асъоре, ки дорои хусусияти иҷтимоӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад, бе кушодани суратҳисоб бо риояи шартҳои талаботи Дастури БМ ҶТ бо назардошти меъёрҳои муқаррарнамудаи низоми интиқоли маблағ барои мақсадҳои зерин, инқиқол намоянд:

  • маблағи музди меҳнат;
  • кӯмакпулӣ, ё кӯмак ба резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи эквиваленти то 1750 нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркуниҳо;
  • нафақа, пардохти дохилшавӣ ва аъзоҳаққӣ ба манфиати ташкилотҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ, ки ғайрирезидентҳо ва ғайра мебошанд.

Маълумот ва ҳуҷҷатҳои марбут ба амалиёти интиқол бояд аз ҷониби бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) на камтар аз панҷ сол аз рӯзи иҷро шудани онҳо нигоҳ дошта шаванд.

Аз 3 декабри соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисобро оғоз намуд. Вобаста ба ин, ҳама интиқолҳои байнисарҳадӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии протсессингӣ (ММП) барои интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб амалӣ карда мешаванд. ММП хизматҳои ройгон ва комилан бепул пешниҳод мекунад. Ҳамаи хароҷот аз ҳисоби бонки Миллӣ амалӣ карда шудааст.  Ҳангоми анҷом додани амалиёт тавассути ММП, аз интиқолдиҳанда, ё қабулкунанда, ё аз низоми пардохтии байналмилалӣ , инчунин аз бонкҳои ватанӣ ва ташкилотҳои қарзӣ ҳеҷ гуна ҳаққи хизмат ситонида намешавад. Дар айни замон, се оператори низоми пардохтӣ ба ММП пайваст шуда, ҳуқуқи иҷро намудани амалиёти интиқоли пулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Ин низомҳо – «НП Юнистрим», «НП Контакт» ва «НП Вестерн Юнион». (https://nbt.tj/ru/npcr/dep_credit.php)

Низомҳо чӣ тавр кор мекунанд? Принсипи кори ҳама намудҳои интиқол якхела аст: ирсолкунанда интиқоли маблағро ба расмият медарорад; он ба система дар давоми якчанд сонияҳо ворид мешавад, ҳадди аксар 5 дақиқа; ба ӯ рақами мушаххас дода мешавад; қабулкунанда онро тавассути пешниҳоди идентификатор дар нуқтаи маблағдиҳӣ мегирад. Барои дуруст ба расмият даровардани интиқол, ба система ворид намудани маълумотҳои ирсолкунанда ва маълумоти аниқи қабулкунанда зарур аст. Ҳадди ақал – ному насаб, шиноснома ва рақами телефон. Дигар маълумот низ метавонад талаб карда шавад. Омода бошед!

Пеш аз фиристодани он, муайян кунед, ки оё қабулкунанда пулро гирифта метавонед, ё не. Барои ин бояд аз сомонаи низоми интихобшуда наздиктарин ба он нуқтаи маблағдиҳиро тафтиш кард. Дар менюи ҷустуҷӯ бояд кишвар, шаҳрро ворид кунед, ё нуқтаро дар харита интихоб кунед. Пас аз интиқол, ба шахси қабулкунанда рақами мушаххасро диҳед. Барои гирифтани он, ӯ бояд ба нуқтаи маблағдиҳӣ бо шиноснома ва рақами мушаххас муроҷиат кунад.

Роҳҳои алтернативии интиқоли маблағҳо низ мавҷуданд, масалан, аз як корт ба корти дигар. Байни муассисаҳои молиявии ду кишвар созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки тибқи онҳо муштариён дар ФР метавонанд пулҳои худро аз кортҳояшон ба кортҳои дар бонки ҶТ гирифташуда интиқол диҳанд ва онҳоро аз ҳама гуна банкоматҳои ин бонкҳо гиранд.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Шаҳрвандони ташаббускор роҳҳои гуногунро барои интиқоли маблағҳо бе назардошти қонунҳои кишварашон меҷӯянд. Аммо ин имконот натиҷаи мусбатро кафолат намедиҳанд. Ҳолатҳое мавҷуданд, ки пули нақд тавассути хешовандон, ё шиносон аз шаҳрҳои ФР фиристода мешавад. Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, роҳи кӯҳнаи мубодилаи пул ҳоло ҳам кор мекунад – «ҳавала». Муҳоҷир дар Россия пули нақдро ба «брокери махфӣ» медиҳад ва тавассути занг, ё дигар паём ба хешовандони ӯ дар ҷумҳурӣ пас  аз гуфтани калимаи рамзӣ маблағ дода мешавад. Табиист, ки барои чунин хизматрасонӣ як миқдори ками пардохт бояд пардохт шавад ва муҳимтар аз ҳама, ин як кори хеле хатарнок аст ва нисбати вайронкунандагон талаботи қонунгузорӣ чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» – моддаи 3, қисми 2;
    • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» – моддаи 4 ва 8;
    • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории тер- роризм ва маблағгузории пахнкунии силоҳи катли ом» – моддаи 6.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

– Сомонаи расмии Бонки Миллии ҶТ – Маркази миллии протсессингӣ (ММП)http://nbt.tj/tj/npcr/
– Сомонаи расмии низоми пардохтии «Юнистрим»https://unistream.ru/online/
– Сомонаи расмии низоми пардохтии «Контакт»https://online.contact-sys.com/
– Сомонаи расмии низоми пардохтии «Ве- стерн Юнион»https://www.westernunion.ru/ru/ ru/send-money-online.html