Categories
Хабарҳо

Русия вуруди муҳоҷирини тоҷикро нигоҳ дошт.

Поделиться

Россия вуруди даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба қаламравашро нигоҳ дошт. Сабаб шиддат гирифтани густариши “вируси корона” ё COVID – 19 дар он кишвар гуфта шуд.

    Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангии ҳукумати Федератсияи Россия барои мубориза бо густариши маризии сироятии “вируси корона” дар қаламрави Россия вуруди ҳудуди 460 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварро ба таъхир афкандааст.

    “Қаблан ин Шӯро ба ин афрод, ки аз корфармоёни худ дар Россия даъватномаи расмӣ гирифта буданд, иҷозаи вуруд дода буд. Аммо бо ташдиди вазъи эпидемиологӣ дар он кишвар ин Шӯро қарор кард, ки вуруди онҳо то беҳбуд ёфтани вазъ нигоҳ дошта мешавад”, – гуфт манбаъ.

    Тибқи иттилои ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 7 ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз корфармоёни Россия даъватномаи корӣ гирифтаанд ва фақат 462 нафар то кунун иҷозаи Шӯрои ҳамоҳангии мубориза бо густариши “вируси корона” дар қаламрави Россияро ба даст овардаанд.

    “Теъдоди онҳо бамаротиб зиёд мебуд, агар вазъи эпидемиологӣ дар Россия ба вахомат намегароид”, – гуфт манбаъ.

    Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазорон муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Тоҷикистон дар интизори боз шудани роҳҳо ба Россия нишастаанд ва теъдоди дақиқи расмии онҳо маълум нест.

    Ҳамасола тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 1 ва ғайрирасмӣ, ҳудуди 2 миллион муҳоҷири меҳнатии Тоҷикистон ба Россия мераванд. Имсол ба далели пандемияи COVID – 19 ин рақам бамаротиб коҳиш ёфт ва ягон муҳоҷири тоҷик, ба истиснои онҳое, ки шаҳрвандии Россияро доранд, натавонистанд барои кор ба он кишвар раванд.

    Роҳҳои заминиву ҳавоии миёни Тоҷикистону Россия дар пайи пандемияи “вируси корона” аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ баста аст. Дар ин миён танҳо парвозҳои хуруҷӣ ё якҷониба (чартерӣ) аз ҷониби ширкатҳои ҳавонавардии ду кишвар анҷом мешаванд. Ҳавопаймоҳо бо иҷозаи мақомоти расмӣ аз Тоҷикистон бидуни истисно танҳо шаҳрвандони Россияро интиқол медиҳанд.
Источник: Sputnik.