Categories
Хабарҳо

Истихроҷи тилло, бо сабаби норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ, дар хавф аст

Поделиться

     Губернатори вилояти Иркутск аз мақомоти федералии Россия хоҳиш кард, ки даъвати муҳоҷирони меҳнатиро ба Россия барои истихроҷи тилло иҷозат диҳанд.

     Мавсими истихроҷи тилло дар минтақаи Ангара ба сабаби норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар арафаи фурӯпошӣ қарор дошт. Барои ҷуброни норасоии коргарон, губернатори вилояти Иркутск Игор Кобзев аз мақомоти федералӣ хоҳиш кард, ки ба вуруди 3415 нафар коргарони хориҷӣ ба Федератсияи Россия, барои корхонаҳои истихроҷи тиллои минтақаро тасдиқ кунанд.

     Тибқи иттилои lenta.ru, корхонаҳои ноҳияи Бодайбои вилояти Иркутск ба норасоии коргарон эҳсос мекунанд. Дар он макон 36 ширкати истихроҷи тилло фаъолият мекунанд. То имрӯз танҳо яке аз онҳо, ширкати “Лензолото”,  барои ворид кардани коргарони хориҷӣ иҷозат гирифтааст.

     Мавсими истихроҷи тилло, ки моҳи март оғоз мешавад, бинобар ба нарасидани кормандон дар хавф аст. Шаҳрвандони муқимӣ хоҳиши зиёди бо ин кор машғулшуданро надоранд. Аз ин сабаб, губернатори вилоят Игор Кобзев ба мақомоти федералӣ бо дархости иҷозаи вуруди  муҳоҷирони меҳнатӣ ба корхонаҳои истихроҷи тиллои минтақа муроҷиат кард.

Дар асоси маводҳои lenta.ru ва migranturus.com