Categories
Хабарҳо

Калонтарин пойгоҳи эмгузарони аз Covid-19 дар Лужники

Поделиться

Пойгоҳи нави эмгузаронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Лужники хеле маъмул аст. Дар рӯзҳои аввали кор дар ин ҷо 24 ҳазор нафар алайҳи коронавирус эм карда шуданд.

Бузургтарин пойгоҳи эмгузаронӣ дар ҳудуди Лужники рӯзи 7-уми июл кушода шуд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Москва ба таври доимӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, метавонанд барои эмгузаронӣ аз коронавирус ба ин ҷо ҳозир шаванд.

Иқтидори марказ дар як рӯз тақрибан 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар бахшҳои C ва D, барои шахсоне, ки мехоҳанд ба таври инфиродӣ эм карда шаванд, нуқтаи эмгузаронӣ ҷойгир карда шудааст. Гурӯҳҳои муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро дар бинои маркази қабул мекунанд. Қабул ҳар рӯз аз соати 08:00 то 22:00 гузаронида мешаванд.

Барои эмгузаронӣ, хориҷиён бояд бо худ ду ҳуҷҷат дошта бошанд: шиноснома ва патент барои фаъолияти меҳнатӣ, ё иҷозати будубоши муваққатӣ дар кишвар.

Эмгузаронии шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо ваксинаи яккомпонентии ” Спутник Лайт ” сурат мегирад. Хизматрасонӣ пулакӣ аст: арзиши ваксина 1300 рубл. Истинод ба рамзи QR пас аз 21 рӯз тавассути SMS фиристода мешавад.

Тибқи иттилои Ситоди фаврӣ, аз оғози маъракаи эмкунӣ тақрибан 68,000 муҳоҷирон эм карда шуданд.

Дар асоси маводҳои news.rambler.ru