Categories
Хабарҳо

Киров духтурони маълумоти олидорро даъват мекунад

Поделиться

Вилояти Киров дар татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷа ба Федератсияи Русия қарордошта» иштирок мекунад. Барномаи давлатӣ дар вилояти Киров барои 3 сол пешбинӣ шудааст, ки дар ин муддат 375 нафар ҳамватанон метавонанд, ба ин вилоят кӯч диҳанд. Иштирокчиёни барнома ҳамватанони аз синни 18 то 55 сола барои занон ва аз синни 18 то 60 сола барои мардон, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Русия лаёқат ва қобилияти корӣ дошта, инчунин касбе, ки дар бозори меҳнатии Киров талабот дорад, буда метавонанд. Хусусияти барномаи минтақавӣ, ҷалби мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ (духтур) аз ҳисоби ҳамватанони дар хориҷа буда мебошад.

   Минтақаи Киров, мавқеи мусоиди нақлиётӣ ва ҷуғрофиро ишғол мекунад, инфрасохтори нақлиётии пешрафта дорад, ки ба системаи нақлиёти Русия муттаҳид карда шудааст. Ҳиссаи калонтарини минтақаро саноат, ки асоси онро истеҳсолот ташкил медиҳад, пайваста ишғол мекунад. Дар вилояти Киров соҳаҳои пешкадами саноатӣ истехсолкунанда: мошинасозӣ, химия, саноати хурокворӣ, металлургия ва истехсоли махсулоти тайёри металлӣ, коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли тачҳизоти барқӣ, электронию оптикӣ ва ғайра рушд кардаанд. Дар комплекси агросаноатии вилояти Киров 300 ташкилоти хоҷагии қишлоқ, 76 кооперацияи матлубот, 440 хоҷагии дехқонон (фермерӣ), 168 ҳазор хоҷагии ёрирасони шахсӣ, қариби 400 корхонаи хурокворӣ ва коркарди махсулот мавҷуд аст.

   Масъалаи истиқомати муваққатии иштирокчиёни Барномаи давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҳисоби корфармоён ҳал карда мешавад. Хамватаноне, ки ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории федералии ФР ва вилоятии Киров мувофиқ бошад, метавонанд аз тадбирҳои дастгирие, ки дар минтақа ба беҳтар намудани шароити манзил нигаронида шудаанд, истифода баранд. Бо максади ба амал баровардани тадбирҳои дастгирии ичтимоӣ, ки ба беҳтар намудани шароити манзил нигаронида шудаанд, дар худуди райони Киров ба онҳое, ки се ва зиёда кӯдак доранд, қитъаи замин бепул пешниҳод карда мешавад. Шарт ва тартиби аз тарафи оилаҳои серфарзанд гирифтани қитъаи заминро Конуни вилояти Киров аз 3 ноябри соли 2011 № 74-ЗО «Дар бораи ройгон додани китъаи замин ба шахрвандоне, ки дар худуди худ се ва зиёда фарзанд доранд», муайян мекунад.

   Ҳукумати вилояти Киров якҷоя бо ҶСК «Корпоратсияи ипотекаи минтақавии Киров» барномаи «Манзили хидматрасониро» амалӣ менамояд, ки дар доираи он ба кормандони тиббии муассисаҳои давлатии тиббии вилояти Киров бо шартҳои имтиёзноки иҷораи дарозмуддат манзили хидматӣ дода мешаванд. Ба максади ҷалб намудан ва нигох доштани кадрҳои тиббӣ, баъзе ташкилотҳои тиббии тобеи Вазорати нигаҳдории тандурустии вилояти Киров имконият доранд, ки харочоти иҷораи манзил ё як кисми харочотро ба корманд баргардонанд. Илова бар ин, тибқи қарори Ҳукумати вилояти Киров аз 2 феврали соли 2018 № 46-П «Дар бораи тасдиқи «Низомнома дар бораи шартҳо ва тартиби дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тибб» ҳангоми муроҷиат барои кори доимӣ дар муассисаҳои тиббӣ ташкилотҳои вилояти Киров, ки дар деҳот ва шаҳрҳои он вокеъ гардидаанд, ҳамватанон метавонанд ҳангоми ба мутобиқати талаботи карори мазкур мувофиқ будан, барои гирифтани кӯмакпулии яквақта ариза диханд.

Маълумоти муфассал дар бораи Барномаи давлатӣ дар сомонаи расмии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  http://dushanbe.mid.ru/ дар бахши «Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон» ҷойгир шудааст.

Манбаъ: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон