Categories
Хабарҳо

Коҳиш ёфтан наздикии 40% теъдоди муҳоҷирон дар бахши коммуналӣ дар Маскав

Поделиться

Қаблан Сергей Собянин гуфта буд, ки дар пойтахт шумори муҳоҷирон дар сохтмонҳои барномаи навсозӣ бояд кам карда шавад.

Теъдоди муҳоҷирон дар муассисаҳои коммуналии Маскав 40% – аз 100 ҳазор ба 60 ҳазор коҳиш ёфтааст. Дар ин бора муовини раиси пойтахт оид ба хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонӣ Петр Бирюков иттилоъ додааст.

“Агар қаблан теъдоди муҳоҷирон дар миёни коргарони мо ба 100 ҳазор нафар мерасид, ҳоло ҳудуди 60 ҳазор нафар шудааст. Аммо на танҳо муҳоҷирон кам мешаванд, балки шумораи умумии афроди дар ин соҳа кордошта кам шудааст – аз 600 ҳазор то 450 ҳазор”, – гуфт Бирюков. дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Российская Газета»”. Ба гуфтаи ӯ, ин ба туфайли се тадбир: истифодаи технологияи нав, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва ташкили процессҳои кор ба даст омадааст.

Муҳоҷирон чӣ гуна кору зиндагӣ мекунанд?

Бирюков таъкид кард, ки имрӯзҳо муҳоҷирон на танҳо фаррош, балки челонгар, рангмол низ кор мекунанд, барои онҳо тамоми шароити зарурии маишӣ фароҳам оварда шудааст. Онхо дар шахрчаҳои обод зиндагй мекунанд ва бо ёрии тиббй таъмин карда мешаванд.

«Дар корхонахои мо сол аз сол аз хисоби сокинони Москва ва вилояти Москва, инчунин вилоятхои марказии Россия — Тамбов, Брянск, Рязань ва дигар вилоятҳо бештар коргарон меоянд. Бисьёрии онхо дар сулолахои оилавй кор мекунанд. Барои онхо шароити муътадили иҷтимоию маишй, хизмати тиббй ва албатта, музди муътадили мехнат таъмин мешавад», — кайд кард Бирюков.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз бинобар зиёд будани ҳиссаи мошину таҷҳизот ба кормандони соҳибихтисос, ки барои омӯхтан ва азхуд кардани касбҳои нав омодаанд, зарур аст. Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дастур дода буд, ки шумори меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя ба майдонҳои сохтмонӣ барои барномаи навсозӣ кам карда шавад. Ба фикри у, дар баробари баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, механизация ва индустрикунонй одамони дорой ихтисосхои гуногунро хоста гирифта, музди корро зиёд кардан лозим. Баъдан раиси шаҳр тавзеҳ дод, ки теъдоди муҳоҷирон дар лоиҳаҳои дар чаҳорчӯби фармоиши шаҳрӣ беш аз ду баробар кам карда шудааст.

Аммо Абдусаттор Эсоев, раиси дафтари Маскавии Созмони байнулмилалии муҳоҷират – Оҷонсии муҳоҷирати СММ мегӯяд, ки дар ин маврид сохтмонҳои пойтахти аз кори муҳоҷирон даст кашида, ҳеҷ бадӣ надорад. Мехмонон бе кор намемонанд, боварй дорад Эсоев. Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки дар шароити пандемия аз эҳтимол дур аст, ки муҳоҷирони кориро бо русҳои минтақавӣ иваз кунанд.

 Манбаъ uz.sputniknews.ru