Categories
Хабарҳо

Коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон

Поделиться

Интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Россия ба ватан дар шаш моҳи соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 то 224,9 миллион доллар (37,3%) коҳиш ёфтааст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба маълумоти Бонки марказии Федератсияи Россия хабар додааст.

Тибқи ин гузориш, шумораи интиқолҳои пулӣ аз моҳи январ то июн тақрибан ба ҳамаи кишварҳои ИДМ 13,5% коҳиш ёфтааст.

Танҳо Ӯзбекистон динамикаи мусбат нишон дод. Мувофиқи маълумоти Бонки марказӣ, интиқоли пул ба ҷумҳурӣ дар давоми сол 12,4% афзуда, ба 680,4 миллион доллар расидааст.

Инчунин коҳиши назарраси интиқол ба Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Украина ва Озарбойҷон қайд карда мешавад.

Интиқоли маблағҳо ба Арманистон (4,2% ба 113,1 миллион доллар) ва Беларус (4,3% то 102,9 миллион доллар) нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ камтар коҳиш ёфт.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com