Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

КОМИССИЯИ ТИББӢ ВА ХУЛОСАИ ТИББӢ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Агар шаҳрванди ҶТ бемории сил, махав (бемории Ҳансен), сифилис, сирояти ВНМО, ё бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ), вобастагӣ аз маводи мухаддир дошта бошад, ё паҳнкунандаи коронавируси COVID-19 бошад, ба ӯ метавонанд дар гирифтани патенти кор, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, ё иҷозат барои истиқомат дар ФР рад кунанд, зеро ин гуна бемориҳо барои дигарон хатарнок ҳисобида мешаванд

Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои патенти кор шаҳрванди ҶТ бояд аз комиссияи махсуси тиббӣ барои гирифтани ду ҳуҷҷат гузарад:

  • хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ;
  • шаҳодатнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти ВНМО.

Муоинаи тиббӣ дар муассисаи махсуси тиббии он минтақа, ки дар он шаҳрванд нияти кор кардан дорад, гузаронида мешавад. Барои гузаштани комиссияи тиббӣ ин ҳуҷҷатҳоро доштан лозим аст:

– шиноснома ва нусхаи шиноснома;

– тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда (дар идораи нотариалӣ, ки дар он тарҷумон ҳаст, тайёр карда мешавад);

– корти муҳоҷират бо мӯҳри воридшавӣ ва нусхаи он;

– огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират ва нусхаи он.

 Шаҳрвандони Тоҷикистон инчунин бояд шаҳодатномаи тиббӣ – маълумотномаи шакли 086/у, ки дар ватан ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод кунанд. Бодиққат бошед – мавҷудияти ин маълумотнома аз зарурати гузаштани муоинаи тиббӣ озод намекунад.

Ташхиси тиббӣ зерин таҳқиқоти зерини лабораторӣ, рентгенӣ ва муоинаи духтурон -мутахассисонро дар бар мегирад:

  •  гузарондани ташхиси хун;
  •  ташхиси флюорографӣ, ё рентгении шуш;
  •  санҷиши мавҷудияти коронавируси COVID-19;
  • омӯзиши биологии молекулавии балғам ва совида гирифтани луобпардаи бинӣ;
  • муоинаи духтури фтизиатр, духтури касалиҳои олоти таносул ва пӯст ва мутахассиси бемориҳои сироятӣ.

Хулосаи тиббӣ дар бораи натиҷаҳои комиссияи тиббӣ, натиҷаҳои ташхиси COVID-19 ва маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти ВНМО пас аз 5 рӯзи корӣ дода мешаванд ва 3 моҳ эътибор доранд.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Гузаштан аз комиссияи тиббӣ – ин расмиёти ҳатмӣ аст ва иштироки шахсиро талаб менамояд. Ҳангоми ошкор шудани касалиҳои пӯсту олоти таносул дар комиссияи тиббӣ (сӯзок, оташак), бемории сил, ё коронавируси COVID-19 ба шаҳрванди ҶТ пешниҳод карда мешавад, ки курси пулакии табобати ин бемориҳоро дар ФР гузарад ва дар сурати рад кардан, таъин карда мешавад, ки имкон бошад, ба ватанаш баргардад.

Ҳангоми ошкор намудани сирояти ВНМО/БПНМ –амрнома дар бораи баромадан аз ФР бароварда мешавад, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошад.

Ҳангоми ошкор шудани ин касалиҳо дар марҳилаи терминалӣ, ё, марҳилае, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд хатари фаврӣ таҳдид мекунад, расонидани ёрии таъҷилии тиббии ройгон бо дар беморхонаи давлатӣ бистарӣ кардан имконпазир аст.

Комиссияи тиббӣ – расмиёти пулакӣ, арзиши он вобаста ба минтақа, тақрибан 5000-7000 рубл аст.

Дар ҳар як минтақаи Россия рӯйхати муассисаҳои тиббӣ, ки метавонанд ташхиси тиббии шаҳрвандони хориҷиро гузаронанд, тасдиқ карда шудааст. Маълумоти тамосии ин ташкилотҳои тиббиро дар сомонаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и ФР минтақаи Шумо пайдо кардан мумкин аст, ё дар саҳифаи «Хулосаи тиббӣ»-и қисмати «Маълумот дар бораи минтақаҳо»-и сайти migrussia.ru.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед – пеш аз гузаштани муоинаи тиббӣ истифодаи чунин доруҳо ба монанди: коделак; кодипронт; кодтерпин; нурофен плюс; пенталгин, пенталгин–Н; седал–М; седалгин нео; терпинкод; тетралгин; каффетин; корвалол; валокордин; фенобарбитал манъ аст. Агар Шумо мунтазам яке аз ин доруҳоро истифода баред, ҳатман дар ин бора ба духтурон хабар диҳед.

Барои кор дар соҳаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки ҷамъиятӣ (қаҳвахона, боғчаҳои бачагона, меҳмонхонаҳо мактабҳо ва ғайра) ба расмият даровардани дафтарчаи тиббӣ зарур аст. Дафтарчаи тиббиро пулакӣ, дар он ҷое, ки аз муоинаи тиббӣ мегузаред, ба расмият даровардан мумкин аст.

Шикоят оид ба вайрон кардани тартиби гузаронидани муоинаи тиббиро Хадамоти федералии назорати тандурустӣ (Росздравнадзор) қабул мекунад.

Расми 3. Варақаи хулосаи тиббӣ.
Расми 4. Варақаи маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти ВНМО.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Фармони Вазорати тандурустии ФР аз 29 июни соли 2015 № 384н «Дар бораи тасдиқи рӯйхати бемориҳои сироятӣ, ки барои дигарон хатар эҷод мекунанд ва барои рад кардан, ё бекор кардани иҷозат барои истиқомати муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ё иҷозат барои истиқомат, ё патент, ё иҷозатномаи кор дар ФР асос мебошад, инчунин тартиби тасдиқи мавҷуд будан, ё набудани онҳо, инчунин шакли хулосаи тиббӣ дар бораи мавҷудияти (набудани) ин беморӣ”. 

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНЪБАҲОИ ИТТИЛООТ:

Хадамоти федералии назорати тандурустӣ (Росздравнадзор) – барои шикоятҳо ҳангоми гузаштани муоинаи тиббӣ.  https://roszdravnadzor.ru/