Categories
Хабарҳо

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд

Поделиться

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода санаи 10 декабр бо директори  Бюрои Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқоти расмӣ намуд.

     Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи лоиҳаҳои он марбут ба расонидани мадади  иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва  кумак ба мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин бемории ҳамагир иттилои муфассал дод. Дар атрофи ин мавзӯъ мубодилаи афкори озоду муфид сурат гирифт.

     Ба мавзӯи мушкилоту тазодҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск ва умуман ба  минтақаи Урал, ва роҳу василаҳои бартараф кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар пасманзари раванди муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи тоҷикистониён ба минтақаи Урал аҳамияти  амалии ба кор гирифтани чунин имконот, ба мисли таҳсили қаблӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии россиягӣ ва иқомат дар хобгоҳҳои модулӣ, махсус таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мунтазами судманд изҳори омодагӣ намуданд.

     Дар мулоқот намояндаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, раиси ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск  «Уральский  дом» Леонид Гришин бо ҳамкораш Рафаэл Серажидинов иштирок  карданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»