Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Кумитаи миллии сетарафаи ҳифзи меҳнати арзанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ дар нишасти Кумитаи миллии сетарафаи ҳифзи меҳнати арзанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Дар кори нишаст Шарипов Азизбек – раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода – раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Олга Кулаева – директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна ва дигар аъзои Кумита аз вазорату идораҳо ва мутхасисони Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.

     Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини шаҳрвандони бо меҳнати арзанда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №430 Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Байналмилалии меҳнат барои мењнати арзанда барои солҳои 2020-2024 тасдиқ карда шудааст. Таҳлил ва арзёбии натиҷаҳои кори муштараки шарикони сетарафа дар Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат имкон медиҳад, ки дастовардҳои давлат ва шарикони иҷтимоӣ дар самти мењнати арзанда муайян карда шаванд.

     Барномаи ҳамкории сеҷонибаи шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда бар афзалиятҳои миллӣ асос ёфтааст ва натиҷаи муколамаи машваратии шарикони иҷтимоӣ мебошад, ки дар якҷоягӣ бо Бюрои Ташкилоти байналмилалии меҳнат барои далатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия шудааст.

     Дар Барномаи мазкур се афазияти асосӣ: муосидат ба рушди иқтисод тавассути таъсиси ҷойҳои кории арзанда ва таҳкими иқтидори институтҳои бозори меҳнат; беҳтарсозии шароити меҳнат ва фарогирии занон ва мардон ва ҳифзи иҷтимоӣ; таҳкими иқтидорҳои шарикони сетарафа ва институтҳои муколамаи иҷтимоӣ барои ҳалли масъалаҳои афзалиятнок дар сохаи меҳнат.

     Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ин панҷумин барномаи ҳамкорӣ дар самти меҳнати арзанда мебошад, ки дар асоси он кори муштарак байни ҳукумат, корфармоён, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат амалӣ карда мешавад.

Дар асоси маводҳои
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон