Categories
Хабарҳо

Мӯҳлати будубоши муваққатии муҳоҷирон тамдид шуд

Поделиться

Президенти Россия Владимир Путин фармонро дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба имзо расонид.

Фармони кишвардори Россия Владимир Путинро котиботи Кремл нашр намуд ва он сар аз 16 июн ба ҳукми қонунӣ даромад.

Тибқи фармон, аз 16 июн то 90 рӯз аз лағви маҳдудиятҳои муваққатӣ бо дигар давлатҳо боздошта мешаванд:

–  мӯҳлати будубоши муваққатии шахсоне, ки шаҳрвандии давлати хориҷӣ доранд ё иҷозат барои истиқомат ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимӣ дар қаламрави Россия доранд. Инчунин мӯҳлати амали раводид ва кортҳои муҳоҷират;

– мӯҳлати амали шаҳодатномаҳои иштирокчии “Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрӣ”;

–  мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои иқомати муваққатӣ дар Россия ва иҷозат барои истиқомат.

Шаҳрвандони хориҷӣ, агар қонунро вайрон накарда бошанд, аз Россия хориҷ карда намешаванд.

Инчунин аниқ карда шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки то 15 марти соли 2020 ба Федератсияи Россия омадаанд ва то 16 июни соли 2021, барои истиқомат дар қаламрави кишвар асос надоранд, метавонанд ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ бораи танзими вазъи ҳуқуқии худ муроҷиат намоянд.

Илова бар ин, муайян гардид, ки хориҷиён метавонанд то ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, патент ва ё иҷозатномаи кор, ки дар давраи пандемия онро гирифта буданд, ба кори худ идома диҳанд.

Дар асоси маводҳои sputniktj.com