Categories
Хабарҳо

Мӯҳлати имтиёзҳои муҳоҷирон тамдид намешавад

Поделиться

Маркази ягонаи муҳоҷират мегӯяд, ҳоло дар масъалаи тамдид кардани имтиёзҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз 15 июн, ягон дастур дастрас накардаанд

Россия тасмим нагирифтааст, ки мӯҳлати имтиёзҳо барои муҳоҷирони меҳнатиро тамдид кунад. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Маркази ягонаи муҳоҷират низ таъйид намудааст, ки дар бораи тамдиди давраи имтиёз барои муҳоҷирон дар Россия маълумот надорад.

“То ҳол тамдиди ин мӯҳлатҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, агар чунин боқӣ монад, пас дар ин ҳолат теъдоди зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои қонунигардонии худ вақт надоштанд, бояд қаламрави Россияро тарк кунанд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамзамон кормандони ин марказ илова намуданд, муҳоҷироне, ки дар тамоми давраи пандемия бидуни ҳуҷҷат дар Россия қарор доштанд, бояд барои се моҳ тарки ин кишвар намоянд.

Дар Маркази ягонаи муҳоҷират қайд намуданд, ки аз моҳи май то июн шумораи муҳоҷироне, ки мехоҳанд вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд, афзоиш ёфтааст.

Дар асоси маводҳои ТАСС