Categories
Хабарҳо

Мақомҳои нави муҳоҷир дар Россия

Поделиться

Се мақоми асосии ҳузури муҳоҷирон дар Россия пайдо хоҳанд шуд. Ин тағйирот дар лоиҳаи қонуни нав дар бораи шарти вуруду будубоши шаҳрвандони хориҷию ашхоси бешаҳрвандӣ пешбинӣ гардидаанд.

     “Се мақоми асосии ҳузури муҳоҷирон ҷорӣ мегардад: ҳузури кӯтоҳмуддат (то 90 рӯз), будубоши дарозмуддат ва иқомати доимӣ, ки дар доираи онҳо шаҳрвандон метавонанд, қонунӣ дар қаламрави Россия бошанд”, – хабар доданд ба Sputnik аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Россия.

     ВКД тавзеҳ дод, ки ҳузури кӯтоҳмуддат на бештар аз 90 рӯзро дар як сол ( ҳозир 90 рӯз дар 180 рӯз) дар бар мегирад. Низоми ҳузури дарозмуддат беш аз 90 рӯзи ҳузури қонуниро фаро мегирад.

     Муҳлати ҳузури қонунии шаҳрванди хориҷӣ метавонад, тамдид ё ихтисор карда шавад, агар вазъу ҳолате, ки бо назардошти он барои шаҳрванд иҷозати ҳузур дода шуд, тағйир ёбад, илова намуданд дар Вазорати умури дохилӣ.

     Таъкид шуд, ки фарзандони муҳоҷирон низ метавонанд, иҷозати ҳузури дарозмуддатро гиранд, агар волидонашон дар қаламрави Россия фаъолият доранд.

     Дар баробари ин барои шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани шаҳрвандии Россия доштани иҷозатномаи иқомат ё худ “ВНЖ” зарур аст, ки ин ҳуҷҷат дар сурати доштани иҷозати ҳузури муваққатӣ – “РВП” дода мешавад. Бо мавриди амал қарор гирифтани қонуни ҷадид, мақоми иқомати доимӣ асоси гирифтани шаҳрвандии Россия хоҳад шуд.

     Ба иттилои ВКД, тайи моҳҳои январ ва феврали соли 2021 ҳудуди 1 миллиону 84 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба қайди муҳоҷират гирифта шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар кам мебошад.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com