Categories
Хабарҳо

Мақомоти Маскав нақшаи радди пурраи муҳоҷирон дар сохтмонҳоро омода карда истодаанд

Поделиться

Муовини раиси пойтахт оид ба сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмон Андрей Бочкарев дар мусоҳиба бо РБК гуфт, ки мақомоти пойтахт нақшаи ҳалли бӯҳрони кадрӣ дар иншооти сохтмонро омода мекунанд, ки аз он саркашӣ аз истифодаи кори муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст.

Бочкарев гуфт, ки бинобар миқёси сохтмон аз руи программам азнавсозӣ дар пойтахт, сохтмончиён ва муҳандисону техникон намерасанд. Нарасидани ресурсҳои меҳнатӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ноиби раиси шаҳр, дар замони пандемия бисёре аз муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳои пойтахт кор мекарданд, рафтанд – аз 120 ҳазор нафар ҳамагӣ 40 ҳазор нафар боқӣ мондаанду халос.Таркиби этникии коргарон низ тағйир ёфтааст – агар як вақт бештар сохтмончиёни аз Тоҷикистон омада бошанд ҳоло муҳоҷирон дар сохтмонҳо асосан аз Узбекистону Қирғизистон ҳастанд.

Дар баробари ин дар сохтмонхо сокинони вилояти Маскав низ зиёд шуда истодаанд. «Сокинони вилояти Москав зиёдтаранд, аммо онҳо сатҳи касбӣ надоранд, чунки андовачии хуб будан ин санъат аст, барои хиштчинй кардан низ таҷрибаи бой доштан лозим», — мегуяд Бочкарев.

Музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ низ тағйир ёфтааст, онҳо дигар омода нестанд бо ҳамон маоши паст кор кунанд. “Маоши миёнаи як муҳоҷир дар сохтмон ҳоло ҳудуди 50-60 ҳазор рубл аст. Аввалҳо ин маош 30 ҳазор буд. Аммо бисёриҳо аллакай аз 80 ҳазор рубл барои кор кардан талаб менамоянд , қайд мекунад муовини раиси шаҳр.

Бочкарев гуфт, ки вай вазифа гузоштааст, то нақшаи чорабинӣ тартиб дода шавад, ки дар сохтмонҳои Москав кувваи кории хоричӣ истифода бурда нашаванд.

«Барои сохтмон бояд се баробар кам одамон истифода карда шаванд, музди кори онҳо ду, ҳатто се баробар зиёд бошаду ва мо ду баробар тезтар объектҳоро бунёд намоем. Ин захираҳо дар куҷоянд? Якум — роҳҳои бо технологияҳои муосири сохтмонӣ таъмин намудан аст.

Масалан, шумо метавонед дар як объект агрегати тақсимоти обро васл кунед ё шумо метавонед онро дар хат васл кунед. Дар оянда ин раванд механиконида шудаш лозим. Ман дар ИМА, Британияи Кабир, Шветсия ва ғайра кор кардаам. Мисоли конкретии фирмаи «Сканска»-ро нишон додан мумкин аст, ки барои монтажи сутуни калон, таҷҳизоти механикӣ автоматӣ бетонпуш мекунад. Дар Швецияяк нафар сохтмончӣ бетонрезӣ мекунад. Ҳамаи асбобҳои корӣ, дар комбинезони сохтмончӣ овехта мешавад. Тамоми процесси лоихакашй ва сохтмон тавре сурат мегирад, ки шумораи коргарон кам карда шавад. Аммо онхое, ки кор мекунанд, хеле бехтар тайёр ҳастанд. Мисоли дигар андова кардани деворҳо мебошад. Шумо метавонед чор коргарро кор фармоед, ё як истгоҳеро, ки ба девор маҳлул мепошаду андова мекунад истифода кунед, гуфт Бочкарев. Вай мегӯяд, ки аллакай дар як қатор иншоотҳо, таҷрибаи муосир  ворид шуда истодааст.

Шаҳрдорӣ чунин мешуморад, ки мушкилоти дигар сифати таълим дар соҳаи сохтмон аст, ки ҳоло дар асоси фанни асосӣ – сохтмони граждании саноатӣ қарор дорад.

“Ин фан 90% муҳандисӣ аст, яъне ҳисобҳо, формулаҳо, материалшиносӣ, сохторҳо ва ғайра. Факат 10—15 фоизи вақти омузиш ба усулхои идоракунии сохтмон бахшида шудааст. Ва амрикоиҳо, олмонҳо, шведҳо, ин фанҳо ҷудо кардаанд. Як фан муҳандисон аст. Дигараш бошад, идоракунии сохтмон аст, ки дар он ташкили равандҳоро меомузанд. Агар шумо сохтмончиёни Америкаро бинед, комбинезони коргарон хама бо асбобхо овехта шудаанд, натиҷаи кор баланд ва босифат. Дар ҷамбаст онҳо маоши худро барои ҳосилнокии мехнаташон мегиранд. Ин мумкин як чизи ночиз ба назар расад, аммо асосаш аст, ки як нафар се нафарро иваз мекунад. Мо бояд чунин барномаҳои таълимӣ эҷод кунем ”, итминон дод ноиби раиси шаҳр.

Моҳи июн дар мусоҳиба бо РБК муовини нахуствазир Марат Хуснуллин гуфта буд, ки нарасидани кадрҳо дар тиҷорати сохтмон бар асари пандемия ва хуруҷи муҳоҷирон аз кишвар ба 50 % боло рафтани нархи коргарон барои тиҷорат сабаби вазнинии молиявӣ шудааст. Ин дар ниҳоят ба арзиши сохтмон таъсир мерасонад ва боиси баланд шудани арзиши манзил мегардад. Нозири сохтмон дар ҳукумат ҷалби маҳбусон ба ҷои муҳоҷиронро як идеяи хуб номид, эҳтимолан 180 ҳазор маҳкумшуда ҳақ доранд на дар зиндон, балки кор кунанд, гуфт Хуснуллин.

Аз руи маводҳои «centralasia.media»