Categories
Хабарҳо

Мақомоти Москва аз камбудии нерӯи корӣ дар соҳаи сохтмон хабар доданд

Поделиться

Масъалаи норасоии муҳоҷиронро дар шаҳри Москва роҳбари шӯъбаи рушди ҳудудҳои нави Москва Владимир Жидкин бардоштааст. Норасоии коргарон дар соҳаи сохтмон яке аз мушкилиҳои асосӣ дар Москва мемонад.

     Дар Москва норасоии қувваи корӣ ба назар мерасад, аммо ба қавли мақомот он ба суръати сохтмон таъсир накардааст. “Агар гап дар сари суръат равад, дар мо дар ягон соҳа паст нашудааст, дар ҳама ҷо танҳо боло меравад. Аммо то ҳол яке аз мушкилиҳои аслӣ, ки коронавирус овард, – норасоии қувваи корӣ ҳис мешавад”, – қайд кардааст Владимир Жидкин.

     Намояндаи ҳукумати Москва таъкид кардааст, ки далели аслии норасоии қувваи корӣ – баста шудани марзҳост, аммо маҷмааи соҳаи сохтмони Москва дар ин масъала кор мекунад.

     Ёдрас мешавем, пештар муовини шаҳрдори Москва дар масоили сиёсати иқтисодӣ ва муносиботи моликият ва замин Владимир Ефимов ба рӯзноманигорон дар бораи ифтитоҳи маркази махсус дар Тоҷикистон хабар дод.

     Ҳамчунин ӯ афзуд, ки мақомоти Москва интизоранд, ки маҳдудият дар вуруди муҳоҷирон давра ба давра коҳиш дода мешавад ва дар ҳамин ҳол ҳамааш аз вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Дар асоси маводи stroi.mos.ru