Categories
Хабарҳо

Маҳдудияти нав барои ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳои Россия

Поделиться

Ҳукумати Россия ба тиҷорати хурд ҷалби муҳоҷиронро ба сохтмон манъ кард: ин чӣ гуна ба шаҳрвандони хориҷӣ ва иқтисоди Россия таҳдид мекунад?

     Дар Россия танҳо ширкатҳои бузурги сохтмонӣ метавонанд муҳоҷирони кориро ба кор ҷалб кунанд. Дар ин бора Вазорати сохтмон ва манзилӣ-коммуналии Федератсияи Россия хабар дод.

     Намояндагони ин ниҳод қайд карданд, ки чунин чораҳо барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба иқтисоди Россия андешида шудаанд. Акнун ширкатҳое, ки беш аз 250 нафар коргар ва беш аз ду миллиард рубл даромад доранд, ҳуқуқ дорад муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд.

     Чунин тағйирот метавонад ба соҳаи сохтмон таъсири манфӣ расонад, мегӯянд коршиносон. Гап сари ин, ки тиҷорати хурд ва миёна аксар вақт ҳамчун пудратчии корхонаҳои бузург баромад мекунанд. Маҳдудиятҳо ҳатто метавонанд муҳлати анҷом додани сохтмонро ба таъхир андозанд.

     Ба гуфти коршиноси муҳоҷирати меҳнатии маркази зидди табъизи “Мемориал” Андрей Якимов, танҳо ширкатҳои бузург метавонанд ба муҳоҷирон шароити муътадили кор ва коркарди қонунии ҳуҷҷатҳои заруриро фароҳам оранд.

     Ғайр аз ин, ӯ қайд кард, ки ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ ба як қисми комилҳуқуқи иқтисоди Россия табдил ёфтаанд. Онҳо тақрибан дар ҳама соҳаҳо заруранд. Якимов чунин мешуморад, ки махсусан ҳоло муҳоҷирон бояд ба кор ҷалб карда шаванд.
     Ҷалби муҳоҷирон, ба гуфти Андрей Якимов, метавонад роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот дар шароити таназзули демографӣ ва иқтисодӣ бошад.

Дар асоси маводҳои Sputnik