Categories
Хабарҳо

Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Поделиться

Сафорати Тоҷикистон дар Россия бори дигар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, бо сабабҳои гуногун худро ба қайди иқомат (регистрация) нагирифтаанд ва онҳое, ки то ин замон ғайриқонунӣ кор мекунанд, инчунин нафароне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, изҳори хоҳиш менамояд, ки ҳатман ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия (ГУ МВД РФ) дар маҳалли иқомат ҳозир шуда, сабти ном кунанд, яъне ҳолати иқомати (будубоши) худро дар Россия қонунӣ намоянд.

Ҳамчунин, онҳое, ки ба кор ҷалб шудаанд, метавонанд патентҳои кории худро тамдид ё аз нав таҳия намоянд.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки тибқи арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва маълумоти ба даст омада, вақтҳои охир аз ҳолати ба амаломада, яъне авф гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии муҳоҷирони меҳнатӣ (амнистия), шахсони манфиатдор, миёнаравҳо ва қаллобон истифода намуда, аз шаҳрвандон барои гӯё барқарор намудани корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) ва бақайдгирӣ (регистрация) маблағҳои зиёд талаб мекунанд.

Дар ин робита аз шаҳрвандон қотеона хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин шахсони манфиатҷӯ ва ғаразнок бовар накарда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ, яъне аз Сафорати (Хадамоти консулии) Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Россия маълумот гиранд ва мустақилона ба шӯъбаҳои Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия муроҷиат намоянд.

Таваҷҷуҳ! Ба шаҳрвандоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи манъи вуруд ба қаламрави Россия содир шудааст (запрет въезда) ва онҳо ному насаби худро иваз карда омадаанд, чунин авф (амнистия) ба онҳо дахл надорад. Ба чунин шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ба Тоҷикистон сафар намуда, то ба охир расидани муҳлати қарор дар бораи манъи воридшавӣ ба Россия мунтазир бимонанд.

Зимнан, Сафорат бори дигар хотиррасон менамояд, ки агар шаҳрвандон то 15 июни соли 2021 ҳолати иқомати (будубоши) худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба расмият надароранд, яъне қонунӣ накунанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия ба таври мустақимона (автоматӣ) ба рӯйхати шахсоне шомил карда мешаванд, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст. Чунин шаҳрвандон дар ҳолати гузаронидани тафтишҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои солҳои тулонӣ аз Федератсияи Россия хориҷ карда мешаванд.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ ё ин ки барои маслиҳат, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои телефонӣ ё почтаи электронии зерини Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар тамос шаванд:

Тел: +79857400212

        +79660732030

        +79670260070

E-mail: consulate@tajembassy.ru

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия

facebook.com/tajembassy.ru