Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

МАНЪИ ВУРУД ВА АСОС БАРОИ БЕКОР НАМУДАНИ ОН

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Шуморо метавонанд ба ФР роҳ надиҳанд, агар Шумо:

полиси суғуртаи тиббӣ надошта бошед, ё доғи судии барҳамнахӯрда дошта бошед, ё ҳисобҳо, андозҳо, ё ҷарима пардохтнашуда дошта бошед.

Вуруд ба ФР дар давоми 3 сол манъ аст, агар Шумо:

– дар Россия бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои корӣ, дар маҷмӯъ дар давоми 180 рӯз зиёда аз 90 рӯз истода бошед;
– 2 ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намуда бошед ва барои он ба мӯҳлати 3 сол ҷазо дода шуда бошад;
– мӯҳлати будубоши қонуниро дар ФР зиёда аз 30 шабонарўз гузаронида бошед.

Вуруд ба ФР дар давоми 5 сол манъ аст, агар Шумо:

  • барои вайрон кардани низоми муҳоҷират дар давоми 1 сол ба ду маротиба, ё бештар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошед;
  • дар ФР ғайриқонунӣ аз 180 то 270 рӯз қарор гирифта бошед;
  • бадар шуда бошед – аз лаҳзаи бадаршавӣ аз ФР.

     Вуруд ба ФР дар давоми 10 сол манъ аст, агар Шумо:

дар ФР беш аз 270 рӯз ғайриқонунӣ қарор гирифта бошед.

Манъи воридшавӣ ба ФР ба таври автоматикӣ бароварда мешавад, дар ҳолате, ки агар дар давоми зиёда аз 30 шабонарӯз дар Пойгоҳи марказии иттилооти баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ маълумот оид ба тамдиди ҳуҷҷатҳои муҳоҷират ва мӯҳлати будубоши шаҳрванди ҶТ дар Россия мавҷуд набошад.

Манъи вуруд ба Россия тавассути ВКД ФР танҳо дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:

  • агар Шумо исбот кунед, ки Шумо Россияро дар мӯҳлати муқарраршудаи қонунӣ бо сабаби беморӣ, нигоҳубини хешованди бемор, ё дигар ҳолатҳои фавқулодда тарк карда натавонистед;
  • агар аъзоёни оилаи Шумо – шаҳрвандони ФР мебошанд (шавҳар/зан ва кӯдакон);
  • авфи муҳоҷират – шартҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани авф тибқи созишномаҳои байни ФР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
  • агар қарор хато қабул шуда бошад;
  • агар Шумо иҷозатнома эътиборнок барои истиқомати муваққатӣ дар ФР, ё иҷозат барои исиқомат дар ФР дошта бошед;
  • агар Шумо патенти эътиборноки кор дар ФР дошта бошед;
  • агар мӯҳлати надодани иҷозат барои вуруд гузашта бошад;
  • агар сабаби надодани иҷозат ба вуруд бартараф карда шуда бошад.

Манъи вуруд ба ФР-ро бо муроҷиат намудан ба Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Россия бекор кардан мумкин аст.

Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳое, ки асос барои бекор кардани манъи вурудро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд: шаҳодатномаҳои таваллуди кӯдакон-шаҳрвандони ФР, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ақди никоҳ, маълумот дар бораи беморӣ ва ғайра.

Рад кардани баррасии қарор дар бораи манъи вуруд ба ФР дар суди маҳалли ҷойгиршавии Раёсати масоили муҳоҷират, ки воридшавиро манъ кардааст, шикоят карда мешавад. Шумо метавонед шахсан, ё бо ёрии намояндаи қонунӣ, ё ҳимоягар даъво пешниҳод кунед.

Аксарияти манъи вуруд аз тарафи ВКД Россия бароварда мешавад, аммо дигар хадамот ва шӯъбаҳо низ метавонанд вуруд ба ФР-ро манъ кунанд:

  • ХФА Россия, Вазорати мудофиаи Россия, Хадамоти иктишофии хориҷии Россия, ВКХ Россия, Хадамоти федералии иҷрои ҷазоҳои Россия – дар сурати эътироф намудани номатлуб будани будубоши шаҳрванди ҶТ дар Россия, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои вазнин ва доғи судӣ, инчунин дар сурати мансубияти ӯ ба иттиҳодияҳои экстремистӣ.
  • Хадамоти федералии гумруки Россия, Росфинмониторинг – дар ҳолати доштани қарз барои пардохт дар Россия, вайрон кардани тартиби воридшавӣ ба ФР ва қоидаҳои гумрукӣ, мавҷудияти бемориҳои хатарнок ва ғайра.

Маълумоти нисбатан пурра дар бораи манъи вуруд ба ФР дар ихтиёри Хадамоти сарҳадии ХФА-и Россия мебошад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274, аз 15 март то 15-уми сентябри соли 2020 ҳамчунин бо ҳисоб кардани худи ин рӯз, СРММ ВКД Россия қарор дар бораи бадаркунӣ, номатлубии будубош (истиқомат), бекор кардани раводид, ИИМ, иҷозатнома барои истиқомат, бекор кардани патенти кори шаҳрвандони ҶТ қабул намекунад. Аммо дар ин давра барои қонунвайрокунӣ низ вуруди муҳоҷирон ба ФР манъ шуда метавонад, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои пеш аз 15 марти соли 2020 содиршуда!

Агар Шумо ҳангоми баҳисобгирии муҳоҷират, ё ҳангоми бо кор таъминшавӣ ба миёнаравҳо муроҷиат карда бошед, эҳтимол аст, ки ба Шумо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додаанд ва Шумо метавонед зери таъсири манъи вуруд ба ФР монед.

Ба Шумо манъи вуруд ба ФР тавассути ВКД ФР бароварда шудааст, ё на, дар намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Россия, ё дар сомонаи СРММ ВКД Россия фаҳмидан мумкин аст http://services.fms.gov.ru/info-service. htm?sid=3000

Ба Шумо манъи вуруд ба ФР тавассути ҳама гуна мақомот бароварда шудааст, ё на, бо истифода аз Портали хизматрасонии меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмидан мумкин аст http://mehnat.tj/portal/

Дархост дар бораи сабабҳои манъи вуруд тавассути ВКД Россияро метавонед дар ин сомона дарёфт намоед https://мвд.рф/request_main

Ариза дар бораи бекор кардани манъи вуруд дар шакли электронӣ ,бо истифода аз варақа дар сомонаи ВКД Россия мумкин аст: https://мвд.рф/ request_main

Ё аризаро ба Раёсати территориявии масоили муҳоҷирати ВКД ФР, ки дар бораи манъи вуруд ба Россия қарор қабул кардааст, пешниҳод кардан мумкин аст.

Бекор кардани манъи вуруди аз ҷониби ХФА-и Россия, Вазорати мудофиаи Россия, Хадамоти иктишофии хориҷии Россия, ВКХ-и Россия, Хадамоти федералии иҷрои ҷазоҳои Россия, Хадамоти федералии гумруки Россия ва Хадамоти федералии назорати молиявӣ гузошташуда, танҳо бо қарори суд амалӣ карда мешаванд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни федералӣ аз 15.08.1996 N 114-ҚФ «Дар бораи тартиби баромадан аз Федератсияи Россия ва вуруд ба Федератсияи Россия» – моддаҳои 26, 27.
  • Қарори Ҳукумати ФР аз 14 январи соли 2015 N 12 «Дар бораи тартиби қабули қарор дар бораи надодани иҷозати вуруд ба Федератсияи Россия нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ, ё шахси бешаҳрвандӣ»
  • Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020 № 274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия бо сабаби дар робита ба хатари паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)»

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

  Тафтиши манъи вуруд тавассути ВКД Россияhttp://services.fms.gov.ru/info- service.htm?sid=3000
Пешниҳоди дархост оид ба бекор кардани манъи вуруд тавассути ВКД Россияhttps://мвд.рф/request_main  
Маълумоти тамосии Хадамоти сарҳадии ХФА-и Россия оид ба вуруд ва баромадан аз ФРhttp://ps.fsb.ru/contact.htm Тел: 8 (495) 626-77-40  
Портали хизматрасониҳои меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасӣ ба пойгоҳи маълумотҳои КДАМ ҶТ оид ба манъи вуруди шаҳрвандони ҶТ ба ФРhttp://mehnat.tj/portal/тафти-ши-манъи-вуруд-ба-фр/