Categories
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарҳо

Марҳабо ба омӯзиши 92 ихтисоси ҳунармандӣ

Поделиться

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро ба омӯзиши 92 ихтисосҳои коргарӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат даъват менамояд.

92 ихтисос фарогири касбу ҳунарҳои миллию муосир буда, дар заминаи муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таълим дода мешаванд.

Ҳунарҳои миллӣ:

Адрасбофӣ, Гилембофӣ, Қолинбофӣ, Ҷӯроббофӣ, Сабадбофӣ, Гулдӯзӣ, Зардӯзӣ, Бофанда, Ресанда, Муҳрабоф, Оҳангар, Заргар, Мисгар, Дуредгар, Кулолгар, Нигинтарош, Пардадӯз, Чӯбтарош, Коркарди пӯст ва даҳҳо ихтисоси марбут ба ихтисосҳои миллӣ.

Ҳунарҳои муосир:

Ошпаз, Нонпаз, Қаннод, Ороиши меваву сабзавот, Рӯзгордорӣ, Пешхизмат, Тарроҳ, Маҳсгар, Мебелсоз, Котиба-коргузор, Шарбаттайёркун, Фурӯшанда, Таъмиргари асбобҳои барқӣ, Таъмиргари телефонҳои мобилӣ, Роҳбалади автобус, Пойафзолдӯз, Ороишгари мӯй, рӯй ва нохун, Маъмури меҳмонхона, Маъмури тарабхона, Мураббия – парастор, Муҳосиб, Назоратчии барқ, Назоратчии газ ва даҳҳо ҳунари дигар.

Ҳунарҳои сохтмонӣ:

Андовагар, Арматурчӣ, Хиштчин, Харрот, Рангмол, Бетонрез, Устои дару тиреза, Борбанд, Кафшергари барқӣ, Кафшергари газӣ, Пармагар, Челонгар, Ронандаи автомобили борбар, Ронандаи дараҷаи В, С.

Ҳунарҳои кишоварзӣ:

Гулпарвар, Занбуриасалпарвар, Картошкапарвар, Растанипарвар, Сабзавоткор, Фермем, Консервакунонӣ, Коркарди маҳсулоти ширӣ, Ҷангалбон, Чорвопарвар.

Омӯзиши забонҳо:

Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ

Ҳар як шаҳрвандони кишварамон, аз рӯи хоҳиш ва завқу малакаи худ метавонанд ихтисосҳои мавриди алоқаашонро дар саросари Тоҷикистон омӯзанд. Барои пайдо намудани маълумоти изофӣ метавонед ба Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи ҷойгиршавии (шаҳру ноҳия) худ муроҷиат намоед.

Барномаҳои таълимӣ аз як то 3 моҳро дар бар мегирад. Тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таълим ва омӯзиши ихтисосҳои мазкур ройгон сурат мегиранд. Барои таълимгирандагон стипендия низ пардохт карда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.facebook.com/mlmert