Categories
Хабарҳо

Маркази муҳоҷирати қалбакӣ дар Маскав

Поделиться

Гурӯҳи қаллобон ба муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ таҳия карда мефурӯхтанд ва бо ин васила ҳудуди се ҳазор хориҷиёнро ба таври ғайриқонунӣ вориди пойтахт кардаанд.

Ирина Волк, сухангӯи вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, ки дар вокзали Маскав қаллобон ба муҳоҷирон асноди қалбакӣ фурӯхтаанд. Пулис бо дастгирии Гвардияи Русия, як маркази қалбакии муҳоҷиратиро дар маркази пойтахти Русияро боздошт намуд. Ба гуфтаи муфаттишон, созмондиҳандагони ин маркази қалбакӣ ба 3000 хориҷӣ барои вуруди ғайриқонунӣ ба Русия мусоидат кардаанд. Дар утоқи техникии терминал кортҳои қалбакии муҳоҷират, шаҳодатномаи ронандагӣ, патент ва дигар ҳуҷҷатҳо чоп карда шудаанд. Илова бар ин, қаллобон мӯҳрҳои қалбакӣ низ доштанд. Ирина Волк гуфт: “Таҷҳизоти компютерӣ, штампҳои маълумот дар бораи убур аз марзи Русия, мӯҳри мақомоти давлатии Русия, 280 варақаи корти муҳоҷират бо нишони убури марзи Русия дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Боздоштшудагон хидмати худро хеле хело гарон нархгузорӣ мекарданд, зеро доираи хидматҳо васеъ буд: онҳо на танҳо ба муҳоҷирон ҳуҷҷат месупориданд, балки ҷустуҷӯи манзилу кор ва хизмати нақлиётро ҳам ташкил намуда буданд.

Айбдоршавандагони парванда ба ҳабс гирифта шуданд. 18 муҳоҷир барои нақзи тартиби будубош дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Гуфта мешавад, ки Кумитаи тафтишот алакай аз рӯи далели ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тибқи моддаи 322.1-и Кодекси Ҷиноии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru