Categories
Хабарҳо

Маркази нави муҳоҷират дар Сахалин

Поделиться

Дар як равзана шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд оид ба қонунгузории муҳоҷират маслиҳат гиранд, барои иқомат, иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва патент муроҷиат кунанд.

Дар Сахалин як маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират барои муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақа. Акнун хориҷиён аз Южно-Сахалинск метавонанд дар суроғаи «23-юми Еланский проезд» тамоми хидматҳои заруриро дастрас кунанд.

Муҳоҷирон дар ин марказ метавонанд дар бораи қонунгузории муҳоҷират ҳамагуна маслиҳат бигиранд, ба онҳо барои дарёфти иҷозаи иқомат, шаҳрвандии Русия, иҷозати истқомати муваққатӣ кумак карда мешавад. Ба ҷуз муҳочирон метавонанд имтиҳони давлатии забони русиро ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ дар бораи донистани забони русӣ шаходатнома гиранд.

Ифтитоҳи маркази бисёрфунксионалии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуда, дар маросим роҳбарияти шӯъбаҳои дахлдор ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Сахалин иштирок доштанд. Сардори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар вилояти Сахалин генерал-майори полис Арсен Исагулов гуфт, ки кори маркази нав барои фаҳмидани ҷараёни муҳоҷират, ки ҳоло дар вилояти Сахалин ташаккул меёбад, кӯмак хоҳад кард. «Дар ҳамкории зич мо метавонем тамоми вазифаҳоеро, ки дар самти татбиқи сиёсати муҳоҷират дар назди мо гузошта шудаанд, ҳал кунем», – итминон дод Арсен Исагулов.

Манбаъ: tj.sputniknews.ru