Categories
Хабарҳо

Маркази ягонаи муҳоҷират ба шаҳри Сахарово кӯчонида мешавад

Поделиться

Сахарово бузургтарин марказ барои муҳоҷирон аст, ки дар як шабонарӯз имкони қабули 7,5 ҳазор нафар муҳоҷирро дорад.

“Маркази муҳоҷират дар Сахарово барои қабули теъдоди зиёди муҳоҷирон сохта шуд ва аз ин рӯ кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират боиси сарборӣ нахоҳад шуд”,-изҳор доштааст мақоми шаҳрдории Маскав.

Зарфияти ин марказ дар Сахарово, ки ба гуфтаи мақомоти Маскав, бузургтарин макони пазириши асноди муҳоҷирин дар Русия аст, барои қабули 7,5 ҳазор нафар дар як шабонарӯз пешбинӣ шудааст.

Қарор аст, ин иқдом то охири соли 2021 ба анҷом расад.

Бояд гуфт, сокинони деҳаи Путилково борҳо аз занозанию муноқишаҳои ғайриқонунӣ, идора кардани мошин бе иҷозати зарура ва тиҷорати ғайримуҷоз аз тарафи муҳоҷирон изҳори нигаронӣ намуданд.

Пас аз ҳодисаи нохуши охирон дар Сергиев Посад, губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев дари хобгоҳи муҳоҷиронро дар ин минтақа баст ва ҳамзамон дигар хобгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия шадидан мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол чанде пеш Вазорати умури дохилии Русия қароре содир кард, ки тибқи он, минбаъд барои кӯчактарин ҷиноят муҳоҷирон бо ҷазои сангин ва ихроҷ рӯ ба рӯ мешаванд.

Манбаъ: sputnik.tj.com