Categories
Хабарҳо

Масъалаҳои муҳими муҳоҷират дар семинари омӯзишии Лоихаи “Migrant – Mobile

Поделиться

Санаи 15 феврали соли 2021 бо ташаббуси ШТРР “Тироз” дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Чашмаи ҳаёт” дар доираи амалии лоиҳаи  Портали иттилоотӣ ва маърифатии “Migrant – Mobile”, дар шаҳри Бӯстон, дар маҷмааи фароғатии “Бӯстон” бо иштироки муҳоҷрони меҳнатӣ, аъзоёни оилаи онҳо, фаъолон, намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, шӯъбаи хадамоти муҳоҷират, семинари якрӯза таҳти унвони “Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам” баргузор гардид.

     Мақсади семинар дар баробари омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, мусоидат ба таъмини муҳоҷирати бехатар, инчунин бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, барои ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон, хусусан дар давраи пандемияи Covid-19 ташкили портали маърифатӣ иттилоотии “Migrant – Mobile” ва дигар масъалаҳо иборат буд.

     Дар семинар зиёда аз 30 нафар сокинони синну сол ва касби кору гуногун иштирок намуданд. Тренерон барои омӯзиш мавзӯҳои “Донистани кадом маълумотҳо барои муҳоҷири меҳнатӣ муҳим аст”?, “Кадом ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад”?, “Кадом санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии маҳаллӣ ва байналхалқӣ раванди муҳоҷирати меҳнатиро танзим мекунанд”, “Талаботҳои умумии бехатарӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ” (Covid-19) ва дигар масъалаҳоро пешниҳод намуданд ва ба саволҳои ҳозирин посух гуфтанд.

     Мавзӯҳои семинар бо тарзи саволу ҷавоб, усули интрактивӣ, кор дар гурӯҳҳо ва иҷрои саҳначаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронида шуд, ки ба иштирокчиён хеле писанд омад ва дар оянда барои таъмини муҳоҷирати бехатар мусоидат мекунад.

     Инчунин, аз ҷониби намояндагони лоиҳаи портали маърифатӣ иттилоотии “Migrant – Mobile” барои иштирокчиён,  вобаста ба ташкили сомонаи “Migrant – Mobile”  машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуда, дар бораи зеркашӣ ва насб кардани замима ба телефонҳои мобилӣ, малакаҳои  гирифтан ва паҳн намудани маълумот, пешниҳоди саволҳо ва ғайра андешаҳо баён гардид.

Бояд қайд намуд, ки Лоихаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Тақвияти устуворӣ ба радикализатсия ва дезинформация дар Осиёи Марказӣ” – и Интерньюс бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо тахия гардида истодааст.

Лоиҳаи “Migrant – Mobile”