Categories
Хабарҳо

Масъалаи нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа мерасад

Поделиться

Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома оид ба ҳалли масъалаҳои нафақа барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.

Ин созишнома ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.

Ғайр аз он, дар ҳоли ҳозир Агентӣ бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ гуфтушунид мекунад.

Кишварҳо аллакай созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақаро имзо карданд.

Ба гуфтаи Давлатзода, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба он кишварҳое мераванд, ки Душанбе бо онҳо дар бораи нафақа созишнома надоранд, баъдан бинобар надоштани собиқаи кории ба қайд гирифташуда, нафақаи иҷтимоӣ мегиранд.

Дар асоси маводҳои sputnik-tj.com