Categories
Хабарҳо

Маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон

Поделиться

Дар давоми даҳ рӯз муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистон (Саха) метавонанд дар ҳама гуна масъала кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ гиранд.

Дар Якутск машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор мешаванд, хабар медиҳад портали расмии минтақавӣ. Дар давоми 10 рӯз аз рӯи ҳама гуна масъалаҳои ҳуқуқӣ, машваратҳои кушод баргузор мешаванд.

Даҳа ба Рӯзи кормандони иттифоқҳои касаба бахшида шуда, тибқи анъана аз «Рӯзи ёрии ройгони ҳуқуқӣ» оғоз мешавад. Инак, аз 15 ноябр сокинон ва меҳмонони Якутск метавонанд аз мутахассисон оид ба доираи васеи масъалаҳо машваратҳои ройгон гиранд. Чорабиниҳо аз соати 10-00 то 13.00 дар хонаи ҷамъиятии кӯчаи Курашова 24 гузаронда мешаванд.

«Қабулро мутахассисони бахши минтақавии Хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ, МФК «Ҳуҷҷатҳои ман», Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, филиали Хазинаи нафақа, Палатаи нотариалӣ мегузаронанд», – хабар дод манбаъ.

Ғайр аз ин, коркунони Федератсияи иттифоқҳои касаба ва як қатор вазорату бонкҳо оид ба муносибатхои мехнатӣ посух медиҳанд.

Манбаъ: Sputnik.