Categories
Хабарҳо

Монеъшавии идомаи таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон

Поделиться

     Ба донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд, иҷозат дода шуд, ки барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, 20 март, Вазорати  маълумоти олӣ ва илми Федератсияи Россия дар сомонаи расмии худ хабар дод.

     Дар  хабар гуфта мешавад, ки бо қарори  Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2021 таҳти рақами 639-р ба донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, резидентҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ иҷозат дода шудааст, ки барои идомаи таҳсил ба Россия баргарданд. Тартиби вуруди донишҷӯён аз хориҷаро Вазорати  маълумоти олӣ  ва илми Федератсияи Россия таҳия кардааст.

     «Бояд дар назар дошт, ки танҳо шаҳрвандони хориҷии он кишварҳое, ки «Роспотребнадзор» ҳамчун кишвари дорои вазъияти эпидемиологии бехатар тавсия додааст, барои таҳсил ба Россия ворид шуда метавонанд», — омадааст дар иттилоия.

     Бино ба маълумоти Вазорати маълумоти олӣ ва илми Россия, донишҷӯёни хориҷӣ аз Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Малдив, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финляндия, Швейтсария, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд ба Россия ворид шавад.

     Тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Дар он вақте, ки ба  рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст.

     Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳолати сирояти коронавирус аз аввали сол ба қайд гирифта нашудааст. Шумораи умумии шаҳрвандони сироятёфта то 20 марти соли 2021 13 308 нафарро ташкил медиҳад.

     Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки ҳайати Институти таҳқиқотии зидди вабои Россия «Микроб»-и «Роспотребнадзор», ки дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд рӯз дар Тоҷикистон буд, вазъи COVID-19 дар кишварро мусбат арзёбӣ кард.

     «Ҳайат ба кори табибони тоҷик, алалхусус корҳои ташхисӣ ва лабораторӣ баҳои баланд дод. Аз нигоҳи онҳо, чораҳои зиддиэпидемикие, ки Тоҷикистон дар замони пандемия гирифтааст, меъёрӣ буда, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудаанд», — дар ин бора агентии иттилоотии Россия «Sputnik» хабар дод.

     Пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?

Дар асоси маводҳои АМИТ «Ховар»