Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, мебошад. Экстремизм ин пайравӣ ба ақидаҳо ва усулҳои шадид аст. Идеологияи экстремистӣ – ин системаи ақидаву ғояҳоест, ки зӯроварӣ ва дигар амалҳои ғайриқонуниро ҳамчун воситаи асосии ҳалли муноқишаҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ ифода мекунад. Шакли шадид ва хатарноктарини татбиқи ғояҳои экстремистӣ ин терроризм мебошад.

     Шаклҳои маъмултарини идеологияи экстремистӣ:

  • миллатчигӣ, аз ҷумла таблиғи адовати қавмӣ, байни миллатҳо ва нажодӣ (миллатгароӣ, натсизм, фашизм);
  • динӣ, аз ҷумла таблиғи истисноҳои динӣ ва хусумати байнимазҳабӣ, зарурати хомӯшкунӣ бо истифодаи қувва ва тобеъкунии пайравони дини дигар;
  • ҷудоихоҳӣ, аз ҷумла тарғиби ҷудокунии маҷбурии ягон қисми давлат, пошхӯрии тамомияти арзии давлат.

    Рӯйхати аломатҳои амалҳои экстремистӣ, ғояҳо ва таблиғот аз инҳо иборат аст:

  • ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани ягонагии давлат ва вайрон кардани тамомияти арзии (яклухтии давлатии) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия;
  • асосноккунии ҷамъиятии терроризм ва дигар амалҳои террористӣ;
  • барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, ё динӣ;
  • таблиғоти истисноӣ, бартарӣ, ё пастии шахс дар асоси мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, ё муносибат ба дин;
  • вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс ва шаҳрванд, вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, динӣ, ё забонӣ, ё муносибат ба дин;
  • монеъ шудан ба шаҳрвандон барои амалӣ намудани ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсии, ё вайрон кардани махфияти овоздиҳӣ, дар якҷоягӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;
  • монеъ шудан ба фаъолияти қонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, ё дигар ташкилотҳо, ки бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи онҳо якҷоя мебошанд;
  • содир намудани ҷиноят дар асоси нафрат, ё хусумати сиёсӣ, идеологӣ, нажодӣ, миллӣ, ё мазҳабӣ, ё дар асоси нафрат, ё хусумат ба ҳама гуна гурӯҳҳои иҷтимоӣ;
  • таблиғот ва намоиши оммавии хусусиятҳо, ё рамзҳои фашистӣ, ё ин ки хусусиятҳо, ё рамзҳои шабеҳ ба хусусиятҳо ва рамзҳои фашистӣ, то дараҷаи омехтакунӣ;
  • даъвати оммавӣ барои иҷрои ин амалҳо, ё паҳнкунии оммавии маводи баръало экстремистӣ, инчунин истеҳсол, ё нигаҳдории онҳо барои паҳнкунии оммавӣ;
  • айбдоркунии баръало бардурӯғи шахсе, ки мансаби давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Федератсияи Россия, ё мансаби давлатии субъекти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Федератсияи Россияро ишғол мекунад, дар содир намудани амалҳои дар ҳамин модда зикргардида, ки ин ҷиноят мебошад, ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ;
  • ташкил ва тайёр намудани кирдорҳои зикршуда, инчунин таҳрик додан ба амалӣ намудани онҳо;
  • маблағгузории кирдорҳои зикршуда,ё дигар кӯмак дар ташкил, таҳия ва татбиқи онҳо, аз ҷумла тавассути таъмин кардани пойгоҳҳои омӯзишӣ, чопӣ ва моддию техникӣ, телефонӣ ва дигар намудҳои алоқа, ё расонидани хизматрасонии иттилоотӣ.

    Таъсис додан ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ҳадафҳо, ё амалҳои онҳо ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия, халалдоркунии амнияти давлат, ташкили воҳидҳои мусаллаҳ, барангехтани низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ равона шудаанд, манъ аст.

    Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дошта дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

–   Моддаи 179. Терроризм;

–  Моддаи 179(1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо;

–  Моддаи 179(2). Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта;

– Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ;

–   Моддаи 180. Иттилооти баръало бардурўғ оид ба кирдори террористӣ;

– Моддаи 184(4). Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт;

–  Моддаи 306. Бо зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият;

– Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм;

–  Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ);

–  Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ);

–  Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта;

    Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дошта дар моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии ФР пешбинӣ шудааст:

–  Моддаи 205 Санади террористӣ;

–  Моддаи 205.1 Мусоидат ба фаъолияти террористӣ;

– Моддаи 205.2 Даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё сафедкунии оммавии терроризм;

–  Моддаи 205.3 Гузаштани таълим бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ;

–  Моддаи 205.4 Ташкили иттиҳоди террористӣ ва иштирок дар он;

–  Моддаи 205.5 Ташкили фаъолияти ташкилоти террористӣ ва иштирок дар фаъолияти ин ташкилот;

–  Моддаи 208. Паёми баръало бардурӯғ дар бораи амали террористӣ;

–  Моддаи 280. Даъватҳои ҷамъиятӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ;

–  Моддаи 280.1 Даъватҳои оммавӣ барои иҷро намудани амалҳое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Федератсияи Россия нигаронида шудааст;

–  Моддаи 282. Барангехтани нафрат, ё адоват, инчунин таҳқири шаъну шарафи инсон;

–  Моддаи 282.1 Ташкилоти ҷомеаи экстремистӣ;

–  Моддаи 282.2 Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ.

    Дар сурати ҷалби шаҳрванди Тоҷикистон ба фаъолияте, ки ба амнияти, тамомияти арзии давлатӣ ва сохти конститутсионии ФР таҳдид мекунад, инчунин дар ҳолате, ки вай дар содир намудани ҷиноятҳои экстремистӣ гунаҳгор дониста шавад, ба ғайр аз маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ӯ оид ба номатлуб будани будубош дар Россия, депортатсия ва манъи бемӯҳлати вуруд ба ФР қарор қабул карда мешавад.

    Агар Шумо дар бораи фаъолияти иттиҳодияҳои экстремистӣ, ё омода кардани ҷиноятҳои экстремистӣ хабардор шавед, дар ин бора ба ҷойҳои зерин хабар диҳед:

  • ба полис (Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия);
  • ба Хадамоти федералии амнияти ФР;
  • ба Кумитаи тафтишотии ФР (ҷиноятҳои барангехтани нафрат, ё адоват, инчунин таҳқир кардани шаъну шарафи инсонро тафтиш мекунад).

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Конститутсияи Федератсияи Россия;
  • Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 № 774-ҚФ «Дар бораи муқовимат ба фаъолияти экстремистӣ»;
  • Қонуни федералӣ аз 6 марти соли 2006 № 35-ҚФ «Дар бораи муқовимат ба терроризм;
  • Қонуни федералӣ аз 7 августи соли 2001 № 115-ҚФ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТӢ:

Қабулгоҳи электронии ХФА-и Россия Хатти доимоамалкунандаи ХФА-и Россияhttp://www.fsb.ru/fsb/webreception.htm Тел: +7 (495)224-22-22,           8 (800) 224-22-22
Қабулгоҳи интернетии Кумитаи тафтишотии ФРhttps://sledcom.ru/reception
Қабулгоҳи интернетии ВКД-и Россияhttps://мвд.рф/request_main
Рӯйхати федералии маводҳои экстремистӣ (5029 номгӯй): паҳн кардан, истеҳсол ва нигоҳдории ин маводҳо дар ФР манъ астhttp://minjust.gov.ru/ru/ extremist-materials
Рӯйхати ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки нисбати онҳо аз ҷониби суд дар бораи барҳам додан, ё манъ намудани онҳо бо сабаби иҷрои фаъолияти экстремистӣ, қарор қабул карда шудааст  http://minjust.gov.ru/nko/ perechen_zapret
Рӯйхати ягонаи федералии ташкилотҳо, аз ҷумла хориҷӣ ва байналмилалӣ, ки террористӣ эътироф гардида, дар Федератсияи Россия манъ карда шудаанд  http://www.fsb.ru/fsb/npd/terror. htm