Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирон дар барӯйхатгирии аҳолӣ дар Россия иштирок мекунанад

Поделиться

Шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми барӯйхатгирӣ дар Россия хоҳанд буд, низ дар барӯйхатгирии аҳолии умуми ширкат меварзанд. Барои онҳо аллакай саволномаҳои махсус таҳия карда шуданд.

     Меҳмонони Россия ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд: онҳое, ки муддати дароз дар Россия зиндагӣ ва кор мекунанд ва онҳое, ки ба муддати кӯтоҳ ба ин кишвар омадаанд.

     Аз меҳмонони гурӯҳи якум хоҳиш карда мешавад, ки ба 23 саволи умумӣ посух гӯянд. Барои хориҷиёне, ки ба Федератсияи Россия ба муддати кӯтоҳ меоянд, саволномае иборат аз ҳафт савол пешниҳод карда мешавад, ки дар он, аз ҷумла, ҳадафи ташриф ва санаи омаданро дар бар мегиранд.

     Дар фарқият аз маъракаҳои барӯйхатгирии қаблӣ, имсол имконияти ҳаст, ки шаҳрвандон ба саволҳо онлайн посух диҳанд. Ҳисобчиҳо, инчунин, маълумотро мустақиман дар шакли электронӣ ворид мекунанд.

     Марҳилаи асосии барӯйхатгирии аҳолии Россия аз 23 август то 30 сентябри соли 2021 баргузор мешавад. Дар қаламравҳои дурдаст ва дастнорасе, ки иртиботи нақлиётӣ бо он дар ин давра душвор аст, ин маърака аз 1 апрел то 20 декабр баргузор мешавад.

Дар асоси маводҳои rg.ru ва media-mig.ru