Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба афви муҳоҷират боварӣ надоранд

Поделиться

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба афви муҳоҷират бовари пайдо накарданд. Ҳангоми пандемияи коронавирусӣ ба онҳо ваъда дода шуда буд, ки бидуни санҷиши иловагӣ ҳуҷҷатҳо таҳия мешаванд, аммо муҳоҷирон роҳи пинҳониро пеш гирифтаанд.

    Сабукшавии қонунҳои муҳоҷират муваққатист ва ҳаракати ҳавоӣ бо ҷумҳуриҳо тақрибан дар ҳамон шаклест, ки қабл аз пандемия сурат мегирифт. Тибқи фармони Президенти Россия, коргарони хориҷӣ бояд то 15 июн ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд, вагарна мушкилотҳои зиёд то ихроҷ метавонанд пеш оянд.

    Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, беш аз 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 332 ҳазор шаҳрванди Узбекистон ва инчунин 152 ҳазор нафар шаҳрвандони Украина ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд.

    Бояд гуфт, ки танҳо қонунвайронкунони ашадӣ аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Ва ҳоло чунин нафарон хеле кам аст, мегӯянд коршиносон – муҳоҷирон кори худро қадр мекунанд.

Дар асоси маводҳои ТАСС ва www.m24.ru