Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирони меҳнатии бозгашта “стресс” шудаанд

Поделиться

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ – Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи панҷ ноҳияи вилояти Хатлон омӯзиш оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони бозгаштаро оғоз намуд

    Намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон зимни оғози давраи омӯзиш таъкид доштааст, бо сабаби аз даст додани ҷои кор ва даромад бинобар хуруҷи бемории КОВИД-19, баъзе муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро маҷбур сохт аз Россия ба Тоҷикистон баргарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират

    Хусусан муҳоҷирони бозгашта ва онҳое, ки вурудашон дубора ба Россия манъ аст, аз сабаби маҳдуд будани имконияти ҷои кор ва надоштани маълумоти кофӣ аз хидматрасониҳое, ки дар ҷомеаи онҳо мавҷуданд, дар ҳолати стресс қарор доранд.

    Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи вилоят дар бораи таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта бо малакаҳои зарурии корӣ, ки барои онҳо дар пайдо кардани  ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он кумак карда метавонад, таъкид кард.

    Гуфта шудааст, ки дар назар аст, ки пас аз омӯзиши реинтегратсионӣ, иштирокчиён вохӯриҳои гуруҳии реинтегратсиониро барои 2500 муҳоҷири бозгашта то охири моҳи апрели соли 2021 дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон баргузор  хоҳанд намуд.

    Омӯзиш тавассути маблағгузории Ҳукумати Британия дар доираи лоиҳаи “Устуворсозии ҷомеа тавассути реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташуда дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи КОВИД-19 ва баъд аз он” сурат мегирад.

Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон