Categories
Хабарҳо

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар, ба кор даъват карда мешаванд

Поделиться

Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд. Ин нукта 2 декабр зимни баргузории  ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва ҳайати Давлати Қатар, ки ба  таври фосилавӣ баргузор  шуд, баён гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо иброз намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.

Ҳамчунин дар  мулоқот оид ба ҳамкории муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқоти фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои  ба таври муташаккилона  сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар,  бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи  гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот баҳри татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур  тасмим гирифта шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавируси COVID-19 нақшаи кории муштараки дуҷониба дар муддати кӯтоҳтарин таҳия ва баҳри татбиқи амалии он тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида шаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»