Categories
Роҳнамои муҳоҷири меҳнатӣ

МУҲОФИЗАТ АЗ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН

Поделиться

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Хариду фуруши инсон яке аз шаклҳои муосири ғуломдорӣ, ки ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкуниро дар бар мегирад, ё ба даст овардани одамон бо роҳи зӯрӣ, ё дигар шаклҳои маҷбуркунӣ, рабудан, қаллобӣ, фиреб, сӯиистифода аз мансаб ё осебпазирӣ, ё бо роҳи додани ришва, дар шакли пардохт ё имтиёз, барои гирифтани розигии ҷабрдида.

Баъзе мақсадҳои хариду фурӯши одамон:

  • ҷалби ҷабрдидагон ба танфурӯшӣ, истисмори ҷинсӣ;
  • истифодаи меҳнати ғуломона – ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурӣ;
  • гирифтани узвҳо ва бофтаҳо барои пайвандсозӣ (трансплантатсия);
  • фарзандхондкунии ғайриқонунӣ.

Аксар вақт, хариду фурӯши одамон метавонад шакли вобастагӣ аз қарз, ё меҳнати қарзиро гирад, он боиси нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои ҷабрдида ва маҳдуд кардани озодии ҳаракати ӯ мешавад. Хариду фурӯши одамон – ҷинояти вазнин аст. Кодекси ҷиноятии ФР барои амалҳои зерин масъулият пешбинӣ мекунад:

  • барои савдои одамон, ки ҳамчун хариду фурӯши шахс ва дигар амалиётҳои марбут ба инсон фаҳмида мешаванд, инчунин бо мақсади истифодабарии ӯ содиршуда, ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳонкунӣ, ё гирифтан (моддаи 127.1 Савдои одамон) – маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то 15 сол, вобаста ба ҳолатҳои вазнинкунанда;
  • барои истифодаи меҳнати ғуломона, яъне истифодаи меҳнати инсонӣ, ки нисбат ба ӯ салоҳиятҳои ба ҳуқуқи моликият хосбуда амалӣ мегарданд, дар ҳолате, ки агар шахс бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда аз иҷрои кор (хизматрасонӣ) даст кашида наметавонад (мод. 127.2. Истифодаи меҳнати ғуломона) – маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то 15 сол, вобаста ба ҳолатҳои вазнинкунанда.

Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия инчунин барои машғул шудан ба танфурӯшӣ (мод. 241), паҳнкунии ғайриқонунии мавод ва ашёҳои порнографӣ (моддаҳои 242, 242.1), аз озодӣ маҳрумкунии ғайриқонунӣ (мод. 127) ва одамрабоӣ (мод. 126), ҷавобгариро пешбинӣ мекунад.

Дар бораи огоҳ шудани ҳодисаи савдои инсон бояд фавран ба полис хабар дода шавад. Ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони савдои одамон аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар минтақаҳои Федератсияи Россия кор мекунанд, расонида мешавад.

Кӯмак ба занони ҷабрдидагони истисмори ҷинсӣ, ё зӯроварӣ, аз ҷумла дар мавриди хариду фурӯши одамон, ташкилотҳои ҷамъиятии Россия ва Тоҷикистон расонида мешавад.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Ҳадафи асосии ҷинояткорон ба даст овардани фоида бо истифода:

  • Табдилдиҳӣ ба ғуломии қарзӣ: масалан, аз ҷабрдида талаб карда мешавад, ки маблағеро, ки барои муҳоҷират, хӯрок ва манзил сарф шудааст, баргардонад. Ҳангоми пардохти қарз бо меҳнат, маблағи «қарз» меафзояд, ҷабрдида наметавонад аз истисмор раҳоӣ ёбад. Ғайр аз он, барои назорат аз болои ҷабрдида метавонад мавҷудияти қарзи барнагардонидаи ӯ истифода шавад;
  • Ҷудонигоҳдорӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳо. Ҳангоми гирифтан аз ҷабрдидагон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо, ҷинояткорон ба онҳо им- конияти бозгашт ба ватани худ ва ё ба ҷои дигар рафтанро намедиҳанд. Истисморгарон инчунин ҷабрдидагони худро итминон медиҳанд, ки худи онҳо бо полис робитаи зич доранд ва ба кӯмак муроҷиат кардан маъное надорад;
  • Зӯроварӣ ва тарс. Барои нигоҳдории ҷабрдидагон дар итоати худ, ғуломҷаллобон метавонанд онҳоро таҷовуз кунанд, латукӯб кунанд ва шиканҷа диҳанд, ба нашъамандӣ маҷбур кунанд, онҳоро аз дигар ҷабрдидагон ҷудо кунанд, аз нон ва об маҳрум кунанд, таҳдид кунанд, ки онҳоро дар назди хешовандонашон шарманда кунанд, ё ба милитсия ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ супоранд;
  • Таҳдиди зарар ба хешовандони ҷабрдида. Ҷинояткорон дар бораи аъзоёни оилаи ҷабрдидагон маълумот ҷамъоварӣ мекунанд ва таҳдид мекунанд, ки агар ҷабрдидагон итоат накунанд, ё ҳаракати гурехтанро кунанд, ба онҳо зарар мерасонанд.

Будубоши ғайриқонунӣ дар давлати хориҷӣ, шарму ҳаё ва ҷудо будан – он механизмҳое, ки барои ташаккули вобастагӣ ва даст кашидан аз муроҷиат барои кӯмак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешаванд.

Ҳар як коргари муҳоҷир метавонад ҷабрдидаи савдои одамон гардад. Бо мақсади муҳофизат кардани худ, амалҳои зеринро иҷро кунед:

  • нусхаҳои шиносномаи умумишаҳрвандӣ, шиносномаи хориҷӣ, чиптаҳоро нусхабардорӣ кунед ва онҳоро аз ҳуҷҷатҳои аслӣ ҷудо нигоҳ доред;
  • ба хешовандонатон дар бораи ҷои будубоши оянда дар хориҷа маълумоти пурра диҳед, суроға ва рақами телефони ширкатеро, ки барои сафар ба хориҷа ҳуҷҷатҳоро омода кардааст хабар диҳед, инчунин ном ва маълумоти шиносномавии роҳбарони онро пешниҳод намоед;
  • танҳо бо оҷонсиҳои расмии шуғл муроҷиат намоед: дар ФР феҳристи оҷон- сиҳои хусусии шуғл вуҷуд дорад: https://trudvsem.ru/information/pea/private_ employment_agency – ҳатман итминон ҳосил кунед, ки оё дар он ҷо ширкате, ки Шуморо даъват мекунад ва ваъда медиҳад, ки кор меёбад, ҳаст ё не.
  • пеш аз сафар як калима, ё ибораеро эҷод кунед, ки он маънои онро дорад, ки Шумо дар хатар ҳастед ва ба кӯмак ниёз доред. Ҳолатҳои фавқулодда мавҷуданд (дар ҳолати рабудан, боздошти маҷбурӣ), вақте ки гуфтугӯи телефонӣ таҳти назорати ҷинояткорон қарор дорад ва ягона роҳи ба оилаи худ хабар додани он, ки Шумо ба кӯмак ниёз доред – ин гузоштани ибораи рамзӣ. Ин бояд як ибораи оддӣ бошад, ки шубҳаро дар байни ҷинояткорон барангехта натавонад;
  • ба хешовандон мунтазам занг занед ва дар куҷо буданатонро хабар диҳед;
  • ба фарқияти музди ваъдашуда (аз ҳад зиёд) ва коре, ки бояд иҷро кард, таваҷҷӯҳ намоед;
  • ба пешниҳоди пардохти роҳкиро, манзил, хӯрок бо имкони пардохти ҳама чиз дар маҳал, ё бар ивази қарз кор карда додан, розӣ нашавед;
  • барои мадади миёнаравҳо, бригадироне, ки шуғл ташкил мекунанд ва пешниҳод мекунанд, ки ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратии қалбакӣ тайёр кунанд, муроҷиат накунед, гарчанде ки Шумо ин одамонро хуб медонед;
  • аз пойгоҳи расмии ҷойҳои кории холӣ https://trudvsem.ru/ истифода ба- ред ва барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба марказҳои муҳоҷирати қонунӣ муроҷиат намоед;
  • шартномаи меҳнатиро бо корфармое бандед, ки Шумо дар ҳақиқат бо ӯ кор мекунед;
  • ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва телефонро ба касе надиҳед, телефони эҳтиётии дорои батареяи хуб дошта бошед;
  • рақамҳои телефон ва суроғаҳои консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия, ташкилотҳои ҷамъиятии ФР ва ҶТ, ки метавонанд кӯмак расонанд, бидонед;
  • аз муроҷиат кардан ба полис барои кӯмак натарсед!

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • «Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия» аз 13.06.1996 № 63-ҚФ

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТӢ

Феҳристи оҷонсиҳои хусусии шуғли Феде- ратсияи Россия: агар оҷонсие, ки ба Шумо кӯ- макпешниҳодкунанда дар феҳрист набошад, аз хизматҳои он оҷонсӣ истифода набаред.  https://trudvsem.ru/information/ pea/private_employment_agency
Пойгоҳи расмии умумии ҷойҳои кории холии Россия «Кор дар Россия»https://trudvsem.ru/
Сомонаи полис (ВКД Россия)https://мвд.рф/
Даъвати полис аз телефони мобилӣ дар ҳама минтақаҳои ФРТел: 102 ё 112
Сафорати ҶТ дар ФР ва маълумоти тамосии консулгариҳои ҶТ дар Россия, дар Санкт-Петер- бург, Москва, Новосибирск, Екатеринбург, Уфа.https://www.mfa.tj/ru/main/ view/42/rossiya
Кӯмак ба занони ҷабрдидаи истисмори ҷинсӣ, ё зӯроварӣ, аз ҷумла дар ҳолати савдои одамон, ташкилоти зерин мерасонад:
– Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Сестры» (Хоҳарон): маркази мустақили хайрия оид ба расонидани кӯмак ба наҷотёфтагони зӯроварии ҷинсӣ (ш. Москва)http://sisters-help.ru/ Телефони боварӣ: +7 (499) 901-02- 01 (аз соати 10 то 20 дар рӯзҳои корӣ) Почтаи эл: http://sisters-help.ru/
  – Фонди «Хонаи бехатар» (ш. Москва)https://safehouse.foundation/ Тел. доимоамалкунанда: +7-926-073- 95-75 (WhatsApp, Viber, Telegram, Signal)
– Институти муносибатҳои гендерии ғайритабъизӣ «Кризисный центр для женщин» (Маркази бӯҳронӣ барои занон) (ш. Санкт-Петербург)https://crisiscenter.ru/ Телефони боварӣ: +7 (812)327-30-00 (аз соати 11 то 18 дар рӯзҳои корӣ)
Кӯмаки ба муҳоҷирон-ҷабрдидагони савдои одамон, истисмори ҷинсӣ ва меҳнатӣ, ташкилотҳои зерин мерасонанд:
– БФ «ПСП-фонд» (ш. Санкт-Петербург)https://www.psp-f.org/ http://www.migrussia.ru/ https://vk.com/pspfond Почтаи электронӣ: http://psp-f.org/ Тел. +7 (812) 3375785 Телефони доимоамалкунанда барои муҳоҷирони меҳнатӣ: +7(953) 141-31-09 (WhatsApp, Viber)